16 марти соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
    Дар чорабинии мазкур муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбекзода Ҳабибулло ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
    Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор чорабинии ҷашниро оғоз намуда, иброз доштанд, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни ниёгон байналмилалӣ гардид.
   Имрӯз бо шукргузорӣ аз фазои ободу созгор, мардуми сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол аз ин ҷашни бостонӣ дар саросари мамлакат истиқбол менамоянд.
Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии ҳар чӣ бештари расму ойинҳои Наврӯз, ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои қаблан таҳияшуда бо оростани хони Наврӯзӣ, баргузории чорабиниҳои гуногуни илмӣ, варзишӣ ва фарҳангӣ Наврӯзи байналмилалиро дар сатҳи баланд доир намуда истодааст. Ҳамин тавр, ректори Донишгоҳ ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ, филиалҳо ва хонандагони литсейҳои Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро бо ин ҷашни бошукӯҳ табрику таҳният намуда, таманниёни неки хешро иброз намуданд.
     Зикр гардид, ки садорати факултетҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ баҳри иштирок дар озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ” омодагии ҳамаҷониба дидаанд, ки аз ҷониби Комиссияи озмунӣ баҳогузорӣ карда мешаванд.
   Сипас, ғолибони озмунҳо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ тибқи фармоиши ректори Донишгоҳ бо диплому сипосномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
     Дар интиҳо, баҳри болидахотирии иштирокчиёни Наврӯзи байналмилалӣ, бахши фарҳанги Донишгоҳ барномаи ҷолиби консертиро пешниҳод намуд.
Чорабиниҳои дигари Донишгоҳ баҳри таҷлили сазовори Наврӯзи байналмилалӣ идома доранд.