РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
Раёсати илм ва инноватсия сохтори таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, роҳбарӣ ва назорат аз болои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, фаъолияти инноватсионии устодону донишҷўёнро дар донишгоҳ ба танзим медарорад. Мақсади асосии фаъолияти раёсат дар донишгоҳ ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-техникӣ, ҳалли масъалаҳои гуногуни илмие, ки ба пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд, ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо раванди таълим дар робита бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ мебошанд.
Вазифаи асосии раёсати илм ва инноватсия аз инҳо иборат аст:
Таъмин намудани иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар кафедраҳо, факултетҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва назорати онҳо;
Андешидани чорабиниҳо оид ба:
- беҳтар кардани кори ҳамаи сохторҳо ва кормандони қисми илмӣ-тадқиқотӣ;
- беҳдошти кори илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ва роҳҳои ҳавасмандогардонии онҳо;
- беҳдошти сифати нашри маводи чопшуда ва назорати онҳо;
- мавзӯъҳои фармоишӣ ва озмоишгоҳҳои илмӣ ва назорати онҳо;
- ҳамоҳангсозии алоқаи илм бо ҷараёни таълим ва назорати онҳо;
- танзим ва банақшагирии корҳои илмӣ дар муассиса;

Бобоев Алимурод Меликмуродович
Cардори раёсати илм ва инноватсия,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел:+992900027218, +992118835757
E-mail: alimurodboboev@yandex.ru
- мусоидат намудан ва гузаронидани семенарҳо, конфренсияҳои байналхалқӣ (байналмилалӣ), ҷумҳуриявӣ ва умумидонишгоҳӣ;
- ташкил ва таъмин намудани иштироки олимон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва назорати онҳо;
- таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои Донишгоҳ бо муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияҳо ва институтҳои тадқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохилу хориҷи кишвар;
- муҳокима ва баррасии натиҷаи корҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ташхиси саривақтии корҳои илмию таҳқиқотӣ, рисолаҳои илмии унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон;
- ташкил ва танзим намудани корҳои патентӣ-литсензионӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар Донишгоҳ;
- ташкил ва гузаронидани озмунҳои корҳои илмии донишҷӯён, ташкили дастаи олимпӣ дар назди факултетҳо ва таъмину назорати иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ;
- истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар раванди таълим баҳри баланд бардоштани сифати дониши мутахассисони ба талаботҳои замони пешрафти илмӣ-техникӣ ҷавобгӯ;
- иштирок дар муҳокимаи ҳисоботи солонаи илмии факултетҳо, кафедраҳо ва озмоишгоҳҳои илмӣ;
- таъмин намудани бақайдгирии корҳои илмӣ-тадқиқотии устодону кормандони донишгоҳ ва назорати онҳо;
- таъмини омодасозӣ ва ҷамбасти ҳисоботҳои ҷорӣ ва назорати онҳо;
- бо фармони ректори муассиса иҷрои вазифаҳои хизматии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия (сафари хизматӣ, рухсатии меҳнатӣ ва бо дигар сабабҳо) ҳангоми дар кор ҳозир набудан;
- ташкил намудани маҳфилҳои илмӣ дар назди кафедраҳо ва маҳфили инфиродии назди профессорон (докторон)-и кафедраҳо ва назорати онҳо;
- таъмин ва назорати фаъолияти сомонаи Донишгоҳ.