Раҳимов Ҷамшед Одинабекович
сардори шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Тел: (+992) 938454488;
E-mail: rahjam@mail.ru
Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияти худро дар асоси «Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми феврали соли 2016, ки таҳти №66 тасдиқ гардидааст, пеш мебарад. Айни замон дар шуъба 335 нафар магистрант ва 45 докторант аз рўйи ихтисоси Phd таҳсил менамоянд. Сардории шуъбаро олими ҷавон, номзади илмҳои иқтисоди Ҷамшед Раҳимов бар зимма дорад.
Дар Донишгоҳ масъалаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Солҳои охир роҳбарияти Донишгоҳ кўшиш ба харҷ дода истодааст, ки устодони ҷавонро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намуда, шумораи устодони дорои дараҷа ва унвони илмиро аз ҳисоби устодони ҷавон зиёд намояд. Омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маркази инноватсионӣ дар инкишофи таҳсилоти олии касбӣ ва баъди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб ёфта, ташаккул ва инкишофи рақобатпазирии шахсиятро дар заминаи арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ, дастовардҳои илм ва амалия таъмин менамояд. Айни замон Донишгоҳ магистрантҳоро аз рўйи 15 ихтисос омода менамояд.
Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда,мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.
Магистратура
Айни замон Донишкада магистрантҳоро аз руйи 15 ихтисос омода менамояд.
1-250103.00 – Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
1-250108.00 – Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит
1- 260101.00 – Идораи давлатӣ
1 – 250104.00 – Молия ва қарз
1 – 250104.02 – Кори бонкӣ
1- 960101.02 – Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ
1-400102.02 – Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)
1-250107.17 – Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ
1-250104.03 – Андоз ва андозбандӣ
1-250104.10 – Менеҷменти молиявӣ
1-260101.01- Идораи мақомоти маҳаллӣ
1-260202.10 – Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ
1-260202.00 – Менеҷмент
1-260203.00 – Маркетинг
1-250107.11 – Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ
Донишгоҳ ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии зинаи магистратура дорои потенсиали кофии моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва шароитҳои мусоиди таълим мебошад. Дарсҳои зинаи магистратура дар басти дуюми рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд. Маблағи таҳсили солона дар зинаи магистратура 3710 сомониро ташкил медиҳад.
ДОКТОРАНТУРА АЗ РУЙИ ИХТИСОС (PhD)
Таҳсил дар зинаи докторантура “Низомномаи докторантура аз рўйи ихтисос (қарори Ҳукумати ҶТ аз 25 феврали соли 2017 №93), аз рўйи барномаҳои таълимии докторантура аз рўйи ихтисос дар доираи ихтисосҳои илмӣ дар шакли рўзона амалӣ карда мешавад
Ба докторантура – доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос дар шакли таҳсили рўзона қабул карда мешаванд:
– шахсоне, ки дараҷаи академии «магистр» доранд;
-шахсоне, ки таҳсилоти олии касбии «мутахассис» доранд баъди таҳсил дар магистратура ва хатми бомуваффақияти он тибқи тартиби муқарраргардида.
Айни замон Донишгоҳ докторантҳоро аз руйи 8 ихтисос омода менамояд.
Нақшаи қабули докторантон аз рӯи ихтисос (PhD)-и МДТ “ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ”
Рамзи ихтисосҳо |
Номгуйи ихтисосҳо |
Тибқи иҷозатнома, нафар |
Буҷавӣ |
Шартномавӣ |
||
тоҷикӣ |
русӣ |
тоҷикӣ |
русӣ |
|||
6D050800 |
Баҳисобгирӣ ва аудит |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D050600 |
Иқтисодиёт |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D051000 |
Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D052000 |
Бизнес – маъмуриятчигӣ |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D090200 |
Туризм |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D091200 |
Тарабхонадорӣ ва соҳибкории меҳмонхона |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D050700 |
Менеҷмент |
10 |
2 |
|
8 |
|
6D052000 |
Мудирияти соҳибкорӣ |
10 |
2 |
|
8 |
|
Ҷамъ |
8 ихтисос |
80 |
16 |
|
64 |
|
Дар давраи гузаронидани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва қабул ба докторантура – доктори фалсафа (PhD), доктор аз рўи ихтисос аз 1 июл то 31 август дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон т комиссияҳои қабул, комиссияҳои имтиҳонӣ аз рўи ихтисос (фаннӣ) ва комиссияҳои апелятсионӣ таъсис дода мешавад.
Номгўи ҳуҷҷатҳо, ки барои дохилшавӣ ба докторантура аз рўи ихтисос пешниҳод мешаванд:
-ариза ба номи ректор;
-нусхаи шиноснома;
-анкетаи дохилшаванда ба докторантура;
-нусхаи нотариалӣ тасдиқкардашудаи дипломҳои таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва замимаҳои он (дипломи бакалавр ва магистр);
-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки аз тарафи шуъбаи кадрҳо тасдиқ карда шудааст (ҳангоми доштани собиқаи корӣ);
-сертификати супурдани имтиҳонҳои иловагӣ аз забони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд будан (TOEFL ва ғайра); -мактубҳои тавсиявӣ (бо тасдиқи муҳри ташкилот);
-рўйхати чопи мақолаҳои илмӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ (дар ҳолати надоштан, пешниҳод намудани реферат аз рўи ихтисос бо тақризи на камтар аз ду мутахассиси соҳа);
-тасдиқномаи тиббӣ шакли 038;
-6 расми андозаи 3х4.
Дарсҳои зинаи магистратура дар басти дуюми рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд. Маблағи таҳсили солона дар зинаи докторантура аз руйи ихтисос (PhD) 3950 сомониро ташкил медиҳад.
Суроғаи мо: ш.Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 (рубарӯи чойхонаи “Истаравшан”). Телефонҳо барои тамос: (+992) 234-88-00, 234-88-02.