ПАРКИ ИННОВАТСИОНИЮ ТЕХНОЛОГӢ

     Парки технологӣ-инноватсионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун воҳиди сохтории Донишгоҳ  дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, бо Қарори Шўрои олимони Донишкада аз 23 июни соли 2013 (суратмаҷлиси №12) бо ҳуқуқҳои шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шудааст.
     Бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ, бо мақсади таъмини шароити мусоиди корӣ дар Парки технологӣ-инноватсионӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, барои фаъолияти самараноки Парки мазкур синфхонаҳои барҳаво ва таҷҳизотҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки заминаи моддию техникии Парки технологӣ-инноватсионии Донишгоҳ имрўз ба талаботҳои чунин намуди марказҳои таълимӣ ҷавобгў мебошад. Ҳамаи корҳои ба анҷомрасонидаи роҳбарияти донишгоҳ бо мақсади рақобатпазир гардонидани донишҷўёни донишгоҳ дар бозори меҳнат, тайёр кардани мутахас-сисони ба талаботи бозор ҷавобгў, бо сертификат таъмин кар-дани онҳо ва фоида овардан ба буҷети донишгоҳ мебошад.
     Парки технологӣ-инноватсионии донишгоҳ имрўз бо дарбаргирии курсҳои кўтоҳмуддати омўзишӣ аз рўи самтҳои адрасбофӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ, дўзандагӣ, қаннодӣ, зар-гарӣ, кошонаи ҳусн, ҳунарҳои бадеии халқӣ, забони чинӣ, курсҳои компютерӣ фаъолияти худро ба роҳ мондааст.
     Раванди корҳои ташвиқотию таблиғотӣ ҷиҳати ҷалби довталабон ба курсҳои омўзишии Парки технологӣ-инноват-сионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Парки мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст..