ШЎРОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ
Шўрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси фармоиши ректори донишкада соли 2020 таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз таъсиси Шўрои мазкур бо истифода аз иқтидори кадрии муассиса бартараф намудани муаммоҳои раванди истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи технологияҳои муосир дар раванди идоракунии муассиса ва сатҳу сифати таълим, инчунин иҷрои босифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад. Фаъолияти Шўрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оиннома ва дигар санадҳо меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудаст.
Шўрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳ ба раёсати илм ва инноватсия тобеъ буда, роҳбарии онро номзади илмҳои физикаю математика, мудири кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт Қозиев Гулназар Мавлонназарович бар уҳда дорад.
Шўрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳ дар самти ташаккули технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии донишгоҳ дар равандаи таълим ва идоракунӣ саҳми назарас дорад. Махсусан Шўрои мазкур барои тарҳрезӣ ва таҳия намудани барномаҳои автоматикунонидашудаи компютерӣ дар самти иттилоотикунонии раванди таълим саҳми хеле бориз мегузорад. Вазифаҳои асосии Шўрои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

- таҳия ва тадбиқи Ҳукумати эллектронии донишгоҳ;
- таъмин намудани воситаҳои техологияҳои иттилоотӣ барои тамоми сохторҳои таркибии донишгоҳ дар вобастагӣ бо зарурияти корӣ;
- аз ташхиси даврии техникӣ гузаронидани воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- иҷро намудани таъмири ҷории воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- таъмини барномавии воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ;
- аз худ намудан ва ҷорӣ кардани технологияҳои навини иттилоотӣ дар раванди таълим;
- таъмин намудани ҳолати кории шабакаи умумидонишгоҳӣ ва шабакаи Интернет;
- ташкил намудани тренинг ва семинарҳо оид ба омўзиши кор бо воситаҳои технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ намудани технологияҳо ва барномаҳои навин;
- пешниҳод намудани хизматрасониҳои техникаи иттилоотӣ;
- таъмин намудани бехатарии иттилоотӣ;
- ташкил ва таъмин намудани кори системаи назорати видеоӣ дар ҳудуди донишгоҳ.