СУЛАЙМОН РАҲИМОВ
Сардори бахши ҷавонони донишгоҳ
Тел: 931134147
E-mail:zarrinka-1977@mail.ru
Бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳанўз аз солҳои аввали таъсисёбии донишкада арзи вуҷуд дошта, яке аз воҳидҳои таркибии сохтори донишкада маҳсуб меёбад.
Бояд ёдрас намоем, ки созмони ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб дар асоси нишондодҳои оинномаи худ амал намуда, тамоми қувваи худро баҳри мустаҳкам намудани интизом дар байни ҷавонон, баланд бардоштани фаъолияти меҳнатию таълими онҳо, ҳисси масъулиятшиносӣ дар байни ҷавонон, ҳифзи моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсӣ, бедор намудани шуури ҷамъиятӣ, ривоҷ додани тарғибот дар байни донишҷўёни донишгоҳ оид ба амалӣ сохтани сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозад.
Раисии созмони ҷавонони донишгоҳ дар аввал М. Ашўров (солҳои 2002-2004) бар уҳда дошт. Солҳои 2004-2010 Ҳоҷиев Маҳмадалӣ-раиси созмони ҷавонони донишкада буд.
Айни ҳол Сулаймон Раҳимов ин вазифаро сарбаландона ва бо камоли масъулиятшиносӣ иҷро менамояд.
Мақсади асосии созмони ҷавонон фароҳам овардани шароити мусоид, барои мустаҳкам намудан ва тақвият бахшидан ҳисси худшиносии миллӣ, ғанӣ гардонидани маданияти маънавию сиёсии ҷавонон, мадад расонидан дар бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибистикдол мебошад. Ба ин хотир созмони ҷавонони донишгоҳ тамоми фаъолияти худро ба ҳалли ҳамин масъалаҳо равона медорад. Шиори созмони мазкур, ваҳдат ва пешравии Тоҷикистон, рамзи он аз барги сабзи чинор иборат буда, соли 1992 тасдиқ гардидааст.
Айни замон созмони ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зиёда аз 900 нафар аъзо дорад. Баҳри беҳтар ба роҳ мондани кору фаъолияти созмони ҷавонони донишгоҳ, дар ҳар як факултет созмони ҷавонон таъсис дода шудааст, ки дорои раис ва аъзоён мебошад ва ҳамзамон аъзои раёсати созмони ҷавонони донишгоҳ мебошанд. Ҳадаф ва мақсади созмонҳои кор бо ҷавонони факултетҳо амалӣ гардонидани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои сиёсати давлатии ҷавонон» кўмак расонидан ба инкишофи қувваҳои эҷодии донишҷўён, ривоҷ додани ҳамкорӣ, мустаҳкам намудани дўстӣ ва ягонагии донишҷўён, тарбияи донишҷўён дар рўҳияи эҳтиром намудан ва нигоҳ доштани забон, таърих, хат, анъана ва ҷашну маросими миллӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ мутааллиқ ба ҷавонони эҷодкор мебошад. Созмони ҷавонони донишгоҳ бо дигар созмонҳои донишгоҳ (иттифоқи касаба, созмони бонувон) ва созмонҳои ҷавонони ноҳия, шаҳр ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории хуб дорад.
Дар созмони ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шўро ташкил карда шудааст, ки ба он сардорони бахшҳои таълим, тарбия, илм, маданӣ, варзиш, фаъолияти бонувон ва духтарон, фарҳангӣ, кор дар хобгоҳ ва ҷонишини раис дохил мешаванд.
Бахши кор бо ҷавонони донишгоҳ, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар рўҳияи ватандўстӣ ва ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас ва донишҷўёну олимони ҷавони донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат ва фарҳангдўстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, баланд бардоштани нерўи зеҳнии онҳо, дастгирию ҳавас-мандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои ояндасоз фаъолияти кории худро густариш дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад.
Ҳамин тавр, фаъолияти созмони ҷавонони донишгоҳ баҳри ҳимояи манфиати донишҷўён равона карда шудааст. Зеро, ҷавонон ояндаи ҷумҳурии соҳибистиқлол ва давомдиҳандаи кори гузаштагони худ ҳастанд ва дар амалӣ сохтани сиёсати давлатии ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд.