БАХШИ ФАРҲАНГӢ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахши фарҳанг ҳамчун сохтори таркибии қисми тарбия фаъолият дошта, дар ин бахш ансамбли донишҷўён бо номи «Соҳиб-кор» фаъолият менамояд.
Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби фарҳанги бойи аҷдодӣ ва арҷгузорӣ ба он бахши фарҳангии донишгоҳ чорабиниҳои фарҳангию маърифатиро доир менамояд.
Дар асоси нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангии муассисаҳои таълимӣ дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе ҳаваскорони ансамбли «Соҳибкор»-и донишгоҳ дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои хуби фарҳангиро пайваста пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт мегардонанд.
Ансамбли «Соҳибкор»-и Донишгоҳ аз соли 1995 инҷониб фаъолияти ҳунарӣ дошта, дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ ва озмунҳои байни мактабҳои олӣ иштироки фаъол менамояд. Солҳои аввали ташкил шуданаш ин ансамбл зери роҳ-барии корманди болаёқату соҳибтаҷрибаи санъат Муродҷон Эшонқулов, оператор – техник Шамсиддин Қаландаров, навозандаҳо Муродҷон Эшонқулов ва Диловар Саидов ба фаъолият пардохт.
Фаъолияти ҳунарии ансамбли «Соҳибкор» таҳти роҳбари бадеӣ Муродҷон Эшонқулов аз соли 1995 то 1998 идома ёфт. Баъдан, аз соли 1999 то 2005-ум, роҳбарии ансамбли «Соҳибкор»-ро Корманди шоистаи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Зубайдуллоев бар зиммаи худ гирифт ва фаъолияти ҳунарии ансамбли номбурда рў ба беҳбудӣ ниҳод. Шумораи аъзои ансамбли «Соҳибкор» зиёд гашта, то ба даҳ нафар расиданд.
Аз оғози соли таҳсили 2005-2006 роҳбарии бадеии ансамбли «Соҳибкор» бар души шахси наҷиб ва устоди касби худ Абўалӣ Меликов вогузор гардид. Алҳол дар ҳайати ансамбли «Соҳибкор»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамагӣ 17 нафар донишҷўён фаъолияти эҷодию ҳунарӣ доранд. Дар баробари ин, панҷ нафар мутасаддии ансамбли «Соҳибкор» низ дар фаъолияти он амалиёт мебаранд.
Дар рушди касбии ансамбли «Соҳибкор» Абўалӣ Меликов – роҳбари бадеии ансамбл, Миралиева Фотима – овозхон, Ҷўраева Робия – овозхон, Иброҳимова Саёҳат – ровӣ, Иброҳимова Сафаргул – актриса, Раҳматуллоев Баҳо-дур – овозхон, Шарифов Диловар – овозхон, Меликова Маҳина – актриса, Юнусова Азиза – раққоса, Шарипов Асадулло – навозанда, Раҷабов Акрам – актёр, Ҷалолов Ғайратшоҳ – актёр, Абдураззоқ Ҳакимов – баранда, Дилбар Равшанова – актриса, Ятимов Абдулвосеъ – ровӣ, Маҳмудов Камолиддин – актёр ва Шарипов Ориф – актёр саҳми муносиб гузоштаанд.
Мутасаддиёни дастаи «Соҳибкор» дотсент С. Собирҷонов – мудири бахши таълиму тарбияи донишкада, Абўалӣ Меликов – роҳбари бадеии ансамбли «Соҳибкор», Ҳоҷиев Маҳмадалӣ-раиси созмони ҷавонони донишкада, Миралиева Фотима – муовини роҳбари бадеииансамбл, Нуров Рустам – навозандаи ансамбл, Қаландаров Шамсиддин – оператор-техник буданд.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки ансамбли «Соҳибкор» дар давоми фаъолияти хеш ба як қатор комёбиҳо мушарраф гаштааст. Махсусан,соли 2006, моҳи январ дар барномаи «Маҳфили зарифон», ки байни Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло ДБССТ) ва Донишгоҳи Олӣ сомони пойтахт зери унвони «Маҳзар – 2006» баргузор гашт, ҳайати ансамбли «Соҳибкор» бар ҳарифи худ бо 98 хол ғолибиятро ба даст овард.
Ғайр аз ин, моҳи апрели соли 2006 дар байни духтарони донишкада озмуни «Маликаи ориёӣ» бахшида ба Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, дар толори Донишгоҳи санъати ҷумҳурӣ ба номи М. Турсунзода баргузор гашт. Аз тарафи ансамбли «Соҳибкор»донишҷўи курси якум, ихтисоси «Иқтисодиёти ҷаҳон» Доробова Ганҷина хуб баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Ҳамчунин, дастаи ҳаваскорони «Соҳибкор» дар аксарияти чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ бо барномаҳои тару тоза ҳунари волои хешро нишон медиҳанд, ки борҳо аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо Ифтихорномаҳо ва мукофот-ҳои пулӣ қадрдонӣ гардидаанд. Махсусан, ҳунарнамоии беш аз 20 нафар донишҷўён, ки дар дастаи ҳаваскорони «Соҳибкор» шомиланд, соли 2020 бахшида ба Рўзи модар бар-номаи фарҳангии тарбиявӣ ва диданӣ пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби ректори донишкада ҳар кадоме ба маблағи 200 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Умуман, бахши фарҳангии донишгоҳ аз замони таъсис то ба имрўз мекўшад, то донишҷўёни фаъоли санъатдўстро муттаҳид намуда, санъати миллии тоҷикро бо таҳияи барномаҳои тарбиявию фарҳангӣ муаррифӣ намояд. Айни замон роҳбарии бахши фарҳанги донишгоҳро ҷавони эҷодкору санъатдўст Дўстмурод Ҳасанов бар уҳда дорад.