Факултети сайёҳӣ бо Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ таҳти №11/7  аз 30 апрели соли 2021 дар заминаи факултети сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис дода шуда, бо хусусият ва иқтидори воқеии худ дар тарбияи мутахассисони ҷавобгў ба талаботи замони муосир нақши назаррас дорад.

   Факултети сайёҳӣ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи факултет ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ мондааст.

 

Гадоев Ҳасан Солиҳович

   Декани факултет, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
тел:+992901098895
e-mail: hasan_81-g@mail.ru

   Садорати факултети сайёҳӣ дар бинои нави таълимӣ дар ошёнаи якум ҷойгир мебошад. Дар истифодаи садорати факултети сайёҳӣ ду утоқи кории муҷҷаҳаз бо лавозимоти корӣ, махсусан 4 компютер ва 3 принтер қарор дорад.

     Утоқҳои кории кафедраҳои тобеи факултет ва синфхонаҳои таълимии ба он вобаста буда, дар ошёнаи 1 ва 2 ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи якум 2 утоқи кории кафедраи ҷомеашиносӣ ва 1 утоқи кории кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи 2-юм бошад, 2 утоқи кории кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ ҷойгир гардидааст.

    Синфхонаҳои таълимӣ бошанд 9 ададро бо 245 ҷойи нишаст ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 4 синфхона ва дар ошёнаи якум ва  4 синфхона дар ошёнаи дуюум ҷойгир аст. Синфхонаҳое, ки дар ошёнаи 2 ҷойгир шудаанд пурра синфхонаҳои омӯзишӣ-таҷрибавӣ мебошанд: синфхонаи 203 – лабораторияи сайёҳӣ, синфхонаи 204 – синфхонаи хӯроки умум, синфхонаи 206 – синфхонаи сайёҳии кӯҳӣ ва синфхонаи 207 меҳмонхонаи таълимӣ мебошанд.

      Факултети сайёҳӣ яке аз сохторҳои таркибии Донишгоҳ мебошад, ки дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ фаъолияташаро ба роҳ мондааст.

     Қайд кардан бамаврид аст, ки солҳои охир дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, талабот ба мутахассисони соҳаи сайёҳӣ мунтазам дар бозори меҳнат афзоиш ёфта, зарурати пайваста ба дастовардҳои муосири бозорӣ мутобиқ сохтани раванди таҳсилотро ба миён мегузорад. Вобаста ба ин раёсати Донишгоҳ барои таъмини бонизоми раванди таҳсилот дар ихтисосҳои сайёҳӣ тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст. Дар факултет заминаи хуби моддию техникии дар сатҳи самаранок ба роҳ мондани ҷараёни таълим фароҳам мебошад, аз ҷумла 4 синфхонаи алоҳидаи бо таљҳизоти муосири техникӣ – компютерҳои бо интернет пайваст, тахтаҳои электронӣ, принтерҳои лазерӣ, таљҳизоти махсуси тарабхона, хаймаҳо, таљҳизоти мухталифи сайёҳии кўҳгардӣ, таљҳизоту лавозимоти меҳмонхона ва амсоли инҳо љиҳозонидашуда вогузор шудааст, ки донишљўён аз он васеъ истифода мебаранд.

      Боиси тазаккур аст, ки барои мутахассисони соҳаи сайёҳӣ донистани на кам аз 2 забони хориҷӣ ҳатмӣ мебошад. Талаботи бозори меҳнатро ба назар гирифта, раёсати Донишгоҳ зарур шуморидааст, ки ташкили гурӯҳҳои таҳсилашон бо забонҳои хориҷиро ҳарчи бештар намояд. Вобаста ба ин дар факултет дар баробари гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони тоҷикӣ ва русӣ гурӯҳҳои англисӣ ташкил гардидаанд, ки тамоми фанҳои таълимӣ бо забонӣ англисӣ тадрис мешаванд. Ҳамин аст, ки донишҷӯёни риштаи сайёҳӣ на танҳо дар озмунҳои фаннии дохилӣ, балки минтақавию байналмилалӣ ширкат варзида, ба ҷойҳои ифтихорӣ шарафёб мегарданд.

     Имрӯзҳо ба хотири рушд ва тарақќӣ бахшидани соҳаи сайёҳӣ ва омода сохтани мутахассисони варзида дар ин самт факултет иқтидори хуби илмӣ-педагогиро аз ҳисоби номзадҳо ва докторони илм доро мебошад.

   Факултет дорои 2 кафедраи тахассусӣ: кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ, кафедраи гегорафияи иқтисодӣ ва экология ва 3 кафедраи умумидонишгоҳӣ: кафедраи ҷомеашиносӣ, кафедраи фарзанг ва забон ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ мебошад, ки теъдоди умумии кормандони илмӣ–педагогии  дар онҳо 57 нафар омӯзгорон ташкил дода, аз ин шумора 22 нафарашонро оомӯзгорони унвони илмидошта ташкил медиҳанд. Аз ин ҳайат 5 нафар профессорон, 17 нафар номзади илм мебошанд.

     Ҳайати илмӣ-омўзгории факултет дар самтҳои мухталифи илмҳои марбут ба сайёҳӣ, илми-методӣ, таҳќиќотӣ, лоиҳасозӣ ва амсоли инҳо фаъолияти пурсамарро роҳандозӣ менамоянд. Натиљаи таҳќиќотҳои илмии омӯзгорон дар шакли ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, инчунин тавассути иштирок дар конфронсу симпозиумҳои љумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, бизнес-форумҳо оид ба масоили сайёҳӣ, чопи мунтазами маќолаҳо дар нашрияҳои илмии ватанию хориљӣ, таълифи монографияҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, татбиќи барномаҳо ва лоиҳаҳои грантии ватанию байналмилалӣ амалӣ мегарданд.

    Факултет барои тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои судманд ва ба роҳ мондани табодули таълимӣ дар асоси равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии ватанию хориҷӣ алоқаҳои иртиботии худро пурзӯр намуда истодааст. Аз љумла, чунин ҳамкориҳо бо Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Русия, Академияи байналмилалии сайёҳии Русия, Донишгоҳи Айдини Туркия, Донишгоҳи Генуяи Италия, Донишгоҳи технологии Братиславаи Словения, Донишгоҳи Аликантаи Испания, Донишгоҳи миллии Озорбойљон, Донишгоҳи Портои Португалия, Донишгоҳи Бреда дар Нидерландия ва монанди инҳо ба роҳ монда шудааст.

    Дар баробари ин барои ҳамбастагии илм бо истеҳсолот ва табодули таҷриба ҳамкориҳои факултет бо субъектҳои хољагидории соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондории ватанӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст, аз ҷумла: Ассотсиатсияи  ширкатҳои ёрирасони рушди сайёҳӣ, Иттиҳодияи љамъиятии истироҳатӣ-сайёҳии «Варзоб», ширкатҳои бонуфузтарини сайёҳии мамлакат, аз ќабили «Тољикавиатур», «Панљакентинтурсервис», «Кошиф», «Суғдиён Тревел», “Помир Пикс”, «Ариент Адвентур»,  «Тољикэйртур», “Помир Силк Тревел”, “Роҳат тур”, меҳмонхонаҳои «Тољикистон», «Пойтахт», «Hayt Rejensi Dushanbe», «Серена Душанбе», «Asia Grand Hotell», “Хилтон Душанбе” корхонаи наќлиётии “Рахш таксӣ”, осоишгоҳҳои «Хољаобигарм», «Баҳористон», «Зумрад» ва монанди инҳо.

     Имрўз раванди таълим дар факултет пурра ба низоми таҳсилоти кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Таълим дар факултет тибқи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ аз рўйи самтҳои омодасозии бакалавр ва магистр ба роҳ монда шудааст ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисоси PhD амал мекунад аз ҷумла:

Дар зинаи бакалавр:

  1. 1-020405.03 – География. Иқтисодиёт
  2. 1-230112.04 – Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (мероси фарҳангӣ ва сайёҳӣ)
  3. 1-250107.17 – Иқтисод ва идораи саёҳӣ
  4. 1-260202.10 – Менеҷмент дар соҳаи саёҳии байналмилалӣ
  5. 1-310203-0203 – Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат
  6. 1-790103.01 – Тибби сайёҳӣ
  7. 1-890101.00 – Сайёҳат ва меҳмондорӣ
  8. 1-890201-7901 – Сайёҳии осоишгоҳӣ- табобатӣ (5-сола)
  9. 1-030201.09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ

        Тазаккур бояд дод, ки дар соли нави таҳсил ду ихтисос дар кластери 5-ум кушода шуд, ки акнун дар риштаи тиб дар самти сайёҳӣ низ мутахассисон омода карда мешаванд.

Дар зинаи магистратура:

  1. 1–260202.10 Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ;
  2. 1–250107.17  Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ;

 

Докторантура аз рӯйи ихтисос (phd):

  1. 6 – D090200  Туризм 

…………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………………

Бобозода Сафаралӣ Одина
Ҷонишини декан оид ба таълим
тел:+992100307000
e-mail:
Зувайдуллоев Салоҳиддин Азизуллоевич
Ҷонишини декан оид ба тарбия
тел:+992101010031
e-mail: szuvaidulloev2016@gmail.com
Саидов Сомонҷон Сайдаҳмадович

Эдвайзери факултет
тел:+992550791515
e-mail: ss2218147@gmail.com

Ғуломова Зевар Зафархоҷаевна
Муовини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ
тел:+992888511001
e-mail: