Қисми робитаҳои хориҷӣ яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ маҳсуб ёфта, фаъолияти хешро дар самти густариши равобити хориҷӣ, дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаҳои намунавӣ дар бораи муассисаҳои тахсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дигар, ҳамчунин Оинномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (собиқ ДССХ) ба роҳ мондааст.
Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ танзим ва назорати равобити хориҷии донишгоҳро амалӣ сохта, баҳри вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ва истифодаи самараноки онҳо дар рушди касбияти мутахассисон, таҳияи лоиҳаҳои сатҳи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби лоиҳа (грант)-ҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ ва амалӣ месозад. Бахши робитаҳои хориҷии донишкада аз шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби грантҳо иборат аст.
Шуъбаи робитаҳои хориҷӣ дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти бахш ба мақсадҳои зерин равона карда шудааст. Баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон ва ассистентон, коромўзию коркарди якҷояи таҳқиқотӣ, дар арсаи байналхалқӣ, баланд бардоштани сифати таълими забони хориҷӣ; русӣ, англисӣ ва ташкил намудани вохўриҳои донишҷўёну устодони донишгоҳ бо олимони хориҷӣ, тайёр намудани иҷозатномаҳои хориҷӣ барои ба хориҷа рафтани донишҷўён ва устодону кормандони донишгоҳ.
- АСОСӢ
- СОХТОР
- ТАЪЛИМ
- ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
- РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ
- ТАРБИЯ
- ФАКУЛТЕТ
- ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ
- ДОВТАЛАБ