Шуъбаи робитаҳои хориҷии (ШРХ) Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – воҳиди сохторие мебошад, ки баҳри ташкили ҳамкории байналмилалӣ бо ҳадафи омодасозии мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар соҳаҳои фаъолияти таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ таъсис дода шудааст.
     Ҳадафи ШРХ: ташкил ва ҳамоҳангсозии иштироки Донишгоҳ  дар барномаҳои ҳамкории байналмилалӣ мебошад, ки ба баланд бардории сифати омодасозии мутахассисон, амалисозии таҳқиқоти илмии муштарак, барномаҳо, лоиҳаҳо ва дар маҷмуъ ба баланд бардоштани обрӯву нуфузи Донишгоҳ дар ақсои байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
     Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти густурда ва фаъоли байналмилалиро амалӣ намуда, бо аксар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва институтҳои илмии мамлакатҳои хориҷӣ ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ мондааст. Донишгоҳ фаъолона дар аксар барномаҳои сармоягузории байналмилалӣ ширкат намуда истодааст.
     Самтҳои асосии фаъолият инҳо мебошанд:

    • иштироки фаъол дар ташаккул ва татбиқи сиёсати Донишгоҳ дар самти робитаҳои хориҷӣ;
    • рушди робитаҳои самарабахш ва мутақобилан судманд бо муассисаҳои таълимии пешбар ва марказҳои илмии мамолики хориҷӣ;
    • таҳияи ва амалисозии барномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф;
      ташкили иштироки фаъоли донишгоҳ дар ассотсиатсияҳои байнидонишгоҳии байналмилалӣ;  
    • ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои байналмилалии донишгоҳ;
    • мусоидат ба иштироки фаъоли воҳидҳои сохтории Донишгоҳ дар амалисозии барномаҳои таҳсилотии байналмилалӣ;
    • таъмини иштироки донишҷӯёни донишгоҳ дар барномаҳои табодули академӣ;  
      мусоидат дар ташкили курсҳои такмили ихтисоси ҳайати профессорӣ-омӯзгории донишгоҳ  дар хориҷи кишвар;
    • амалисозии фаъолияти байналмилалӣ, маҳз бастани созишномаҳо ва шартномаҳо бо муассисаҳои таълимӣ ва институтҳои илмӣ, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони хориҷӣ;  
    • мусоидат ва дарёфти грантҳои илмӣ ва таҳсилотии байналмилалӣ;
    • ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ барои таҳсил, омодагӣ ва гузаштани курсҳои такмили ихтисос дар донишгоҳ;
    • бо раводид таъмин намудани донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд.