БАХШИ ТАҲИЯИ БАРНОМАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ДАРЁФТИ ГРАНТҲО
Бахши таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти грантҳо вазифаҳои асосии зерро иҷро менамояд:
– банақшагирии иштироки воҳидҳои сохтории донишгоҳ дар амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ, лоиҳаҳо ва озмунҳо ҷиҳати ба дастовардани грантҳо;
– ташкили иштироки фаъоли ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ ва донишҷӯён дар озмунҳо ва грантҳо доир ба таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ бо ҳадафи ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи он;
– роҳбарӣ намудани раванди барасмиятдарории ҳуҷҷатгузории дархостҳои озмунӣ баҳри иштироки Донишгоҳ дар барномаҳо ва лоиҳаҳои илмӣ, таҳсилотӣ, эҷодӣ ва инноватсионӣ, инчунин ба даст овардани грантҳо;
– расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба кормандону донишҷӯён зимни таҳияи дархостҳои грантӣ баҳри иштирок дар озмунҳо ва грантҳо;
– ташкили ҷустуҷӯи иттилоотӣ-таҳлилии барномаҳо ва озмунҳо баҳри дарёфти грантҳо;
– ҳамоҳангсозии робитаҳои донишгоҳ бо фондҳои сармоягузорӣ ва дигар ташкилотҳо, ки маблағгузории таҳқиқот, омодасозии кадрҳо ва рушди фаъолиятро маблағгузорӣ менамоянд; – мусоидат дар самти барасмиятдарории дархостҳо ва дастгирии методӣ ҷиҳати иштирок дар барномаҳои сармоягузорӣ ва дарёфти гарнтҳо;
– мониторинг ва коркарди иттилоот оид ба грантҳо ва озмунҳо ва ғайраҳо.
Лоиҳаҳои байналмилалӣ дар доираи фаъолити грантии Донишгоҳ:
№ |
Номгӯи лоиҳаҳо |
Барнома |
Муҳлати татбиқ |
1. | Ҳуҷҷатгузорӣ баҳри таъмини сифати барномаҳои таҳсилотӣ – 517340 -TEMPUS -1-20 | | – I -IT-TEMPUS – SMGR DOQUP. (2013-2015) |
TEMPUS |
2014-2016 |
2. | Инкишоф ва мукаммалсозии маъмуририяти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар самти робитаҳои хориҷӣ 543893-TEMPUS-1-2013-1-AZ-TEMPUS-SMGR (2015-2018) |
TEMPUS |
2015-2016 |
3. | Коркард ва ҷорӣ намудани руҳияи рушди устувори соҳибкорӣ дар Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон |
TEMPUS |
2010-2012 |
4. | Муҳандисии компютерӣ (HEICA) |
TEMPUS |
2011-2013 |
5. | Тайёр намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Правительство Республики Таджикистан |
2009-2011 |
6. | Таъсиси кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ |
Институт «Открытое общество» – |
2008-2009 |
7. | Омодасозии кадрҳо бо ҳадафи рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Развитие Высшего образования в Таджикистане/ |
2018-2020 |
8. | Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар асоси истифодабарии муҳити иттилоотию таълимии электронӣ дар донишкада |
Развитие Высшего образования в Таджикистане/Всемирный банк |
2019-2021 |
9. | Таҳкими малакаҳои хатмкунандагони ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат, таҳияи механизмҳо ва равишҳои нави ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар бо бозори меҳнат |
Институт «Открытое общество» – |
2021-2022 |