БА ҚАФО

БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМИИ ИХТИСОСҲОИ КАФЕДРА

Кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология аз ҷумлаи кафедраҳои тахассусӣ ба ҳисоб рафта, дар он мутахассисон аз рўи ихтисосҳои 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт, 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ ва 1-31 02 01-02 03 – Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат омода менамояд.

Омодасозии мутахассисони ихтисосҳои кафедра дар асоси барномаҳои таъсилотӣ (Стандарт) ва нақшаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Аз рӯи ихтисосҳои кафедра мутахассисони зинаи бакалавр омода карда мешавад. Тибқи барномаҳои таҳсилотӣ донишҷӯёни зинаи бакалаври ихтисосҳои кафедра 4 сол таҳсил намуда, дар ҳаҷми 240 кредит фанҳои таълимиро аз худ намуда, мутахассиси зинаи бакалавр мегарданд. Аз миқдори умумии кредитҳои азхуднамуда 48 кредит бахши фанҳои заминавӣ, 80 кредит бахши фанҳои тахассусӣ, 60 кредит бахши фанҳои интихобӣ, 15 кредит бахши таҷрибаомӯзӣ ва 9 кредит аттестатсияи хатмро ташкил медиҳад.

ИХТИСОСИ 1-02 04 05-03 – ГЕОГРАФИЯ. ИҚТИСОДИЁТ

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯйи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт тибқи Шаҳодатномаи Т-АД №0000644, аз 28.02.2022 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯйи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт моҳи августи соли 2023 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2023-2024 мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ: омӯзгор;

-дараҷаи касбӣ: бакалавр аз рӯйи ихтисоси “География. Иқтисодиёт”.

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси омӯзгор аз рӯйи ихтисоси “География. Иқтисодиёт” гардидааст, бояд:

– бо назардошти хусусиятҳои фанҳои тадрисшаванда бо омӯзиши фаъолияти кори омӯзгорӣ, ҷанбаҳои омӯзишии масъалаҳои географӣ ва иқтисодӣ омода бошад;

– аз уҳдаи идора намудан барояд;

– таҳаввулотҳои географияи иқтисодӣ, методологияи тадқиқоти ҷуғрофии иқтисодӣ ва ҷараёнҳои иқтисодиеро, ки дар мамлакатҳо ва минтақаҳои ҷаҳон ба амал меоянд, омӯзад;

– имконоятҳои ба омӯзиш ва тадқиқи равандҳои географӣ ва иқтисодӣ равонашударо самаранок истифода бурда тавонад; 

– аз уҳдаи коркарди технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар фаъолиятҳои гуногуни соҳаи географияи иқтисодӣ истифодашаванда баромада тавонад;

– аз тарзи кори фаъолиятҳо дар соҳаи географияи иқтисодӣ ва корхонаҳои марбут ба онҳо хабардор гардад;

– фаъолияти самараноки корхонаҳои марбут ба географияи иқтисодиро назорат карда тавонад;

– назорати сифат ва бехатарии истифодаи захираҳои табии географиро таъмин намояд;

– тарзи лоиҳасозӣ ва роҳҳои барқарорсозии захираҳои табии географиро донад.

Доираи фаъолияти хатмкунанда

Хатмкунандаи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География.Иқтисодиёт метавонанд дар самт ва соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

  • муассисаҳои таълимӣ;
  • ташкилотҳои географӣ;
  • хоҷагиҳои ҳифзи ҷангал;
  • корхонаҳои истеҳсолии канданиҳои фоиданок;
  • сохторҳои истеҳсолӣ ва географӣ;
  • пажуҳишгоҳҳои таълимии географӣ ва ғайра.

Хатмкунандагоне, ки дорои дониши баланди тахассусӣ ва салоҳиятҳои дахлдор мебошанд, метавонанд дар дигар соҳаҳое, ки ба тахассуси онҳо мувофиқат менамояд, фаъолияти касбӣ намоянд.

Хатмкунандаи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География.Иқтисодиёт метавонанд дар самт ва соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

  • истеҳсолӣ-технологӣ;
  • ташкилӣ-идоракунӣ;
  • илмӣ-тадқиқотӣ;
  • лоиҳасозӣ;
  • маркетингӣ.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯйи самт ва равия амалӣ карда мешавад. Намуди мушаххаси фаъолияти касбӣ, ки ба он бакалавр омода карда мешавад, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  якҷоя бо иштирокчиёни ваколатдори ҷараёни таълимӣ муайян карда мешавад.

Хатмкунанда – бакалавр, ки барномаи таҳсилотиро аз рӯйи ихтисоси 1-02 04 05-03 – География. Иқтисодиёт аз худ кардааст, метавонад тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ-магистратура аз рӯйи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳад.

Вазифа: ҷобаҷогузории дурусти қувваҳои истеҳсолкунанда, коркарди технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар фаъолиятҳои гуногуни соҳаи географияи иқтисодӣ истифодашаванда, тарзи кори фаъолиятҳо дар соҳаи географияи иқтисодӣ ва корхонаҳои марбут ба онҳо, лоиҳасозӣ ва роҳҳои барқарорсозии захираҳои табии географӣ

ИХТИСОСИ 1-03 02 01 09 – КИШВАРШИНОСӢ ВА САЙЁҲӢ

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯйи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ тибқи Шаҳодатномаи Т-АД №0000644, аз 28.02.2022 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯйи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ моҳи августи соли 2023 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2023-2024 мавриди татбиқ қарор дода шудааст.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ: омӯзгор;

-дараҷаи касбӣ: бакалавр аз рӯйи ихтисоси “Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ”.

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси омӯзгорӣ аз рӯйи ихтисоси “Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ” гардидааст, бояд:

– вобаста ба фанҳои тадрисшаванда дар баландбардории малака ва дониши худ оид ба омӯзиши фаъолияти кори таълимӣ, илмӣ, тадқиқотӣ ва хизматрасонии соҳаҳои кишваршиносӣ ва сайёҳӣ омода бошад;

– аз уҳдаи идора намудани корхонаҳои сайёҳӣ ва дигар намудҳои истеҳсолоти корхонаҳои марбут ба самти сайёҳӣ барояд;

–   тарзу усулҳои таълим ва тадбиқи имкониятҳои нави истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ ва кишваршиносиро ба роҳ монда тавонад; 

– аз иҷрои истифодаи технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар фаъолиятҳои таълимии соҳаии сайёҳӣ ва кишваршиносӣ ба хубӣ барояд;

– хизматрасонӣ дар корхонаҳои марбут ба истифодаи захираҳои сайёҳиро ташкил карда тавонад;

– самаранокии фаъолияти ташкилотҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ ва кишваршиносиро назорат намояд;

– назорати сифат ва бехатарии истифодаи  захираҳои табииро таъмин намояд;

– усулҳои таълими соҳаи кишваршиносӣ ва сайёҳиро донад;

Доираи фаъолияти хатмкунанда

Хатмкунандаи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ метавонанд дар самт ва соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

  • воҳидҳои маъмурӣ-ҳудудӣ;
  • корхонаҳои гуногуни соҳаи сайёҳӣ;
  • минтақаҳои сайёҳӣ;
  • ташкилотҳои вобаста ба самти кишваршиносӣ;
  • муассиса ва пажуҳишгоҳҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ;
  • сохторҳои ҳифзи табиат.

Хатмкунандагоне, ки дорои дониши баланди тахассусӣ ва салоҳиятҳои дахлдор мебошанд, метавонанд дар дигар соҳаҳое, ки ба тахассуси онҳо мувофиқат менамояд, фаъолияти касбӣ намоянд.

Бакалаврҳо ба фаъолияти касбии зерин омода мешаванд:

  • истеҳсолӣ-технологӣ;
  • ташкилӣ-идоракунӣ;
  • илмӣ-тадқиқотӣ;
  • лоиҳасозӣ;
  • маркетингӣ.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯйи самт ва равия амалӣ карда мешавад. Намуди мушаххаси фаъолияти касбӣ, ки ба он бакалавр омода карда мешавад, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  якҷоя бо иштирокчиёни ваколатдори ҷараёни таълимӣ муайян карда мешавад.

Хатмкунанда – бакалавре, ки барномаи таҳсилотиро аз рӯйи ихтисоси 1-03 02 01 09 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ аз худ кардааст, метавонад тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ-магистратура аз рӯйи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳад.

Вазифа: тарзу усулҳои таълим ва татбиқи имкониятҳои нави истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ ва кишваршиносӣ, истифодаи технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии дар фаъолиятҳои таълимии соҳаии сайёҳӣ ва кишваршиносӣ, хизматрасонӣ дар корхонаҳои марбут ба истифодаи захираҳои сайёҳӣ, назорати сифат ва бехатарии истифодаи  захираҳои табиӣ

                                                            

ИХТИСОСИ 1-31 02 01-02 03 – ГЕОГРАФИЯИ САЙЁҲӢ ВА МЕНЕҶМЕНТИ САЙЁҲАТ

Ном, рамз ва гурӯҳи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат ба Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №349 аз 30-июни соли 2007 тасдиқ шудааст, мувофиқ мебошад.

Барномаи бакалавриат аз рӯи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат тибқи Шаҳодатномаи Т-АД №0000644, аз 28.02.2022 аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) аккредитатсия шудааст.

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат моҳи августи соли 2022 таҷдиди назар гардида, аз соли таҳсили 2022-2023 мавриди татбиқ қарор дода мешавад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат дар шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ, ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

-тахассуси касбӣ: Географ. Омӯзгори география;

-дараҷаи касбӣ: Бакалавр аз рӯйи ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат.

Хатмкунандае, ки соҳиби тахассуси омӯзгори география аз рӯи ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат гардидааст, бояд:

– доир намудани таҳқиқотҳои маҷмӯии ҷаҳонӣ, миллӣ ва минтақавии мушкилоти соҳавии ҷуғрофиро анҷом дода, ҷиҳати ҳалли онҳо тавияҳо пешниҳод карда тавонад;

– ошкор сохтан ва баҳодиҳии иқтидори табиӣ-захиравии минтақаҳо ва амалакат ва муайян сохтани имконияти истифодаи он дар хоҷагидорӣ, инчунин моделсозии геоиттилоотии он;

– аз уҳдаи идора намудани корхонаҳои иқтисодӣ ва дигар намудҳои истеҳсолоти корхонаҳои марбут ба самти истифодаи табиат барояд;

– имконоятҳои корхонаҳои нигоҳдории захираҳои табиӣ, ташкилотҳо ва ширкатҳои самти фаъолияташон ба коркарди захираҳои табиӣ равонагардидаро самаранок истифода бурда тавонад; 

– аз уҳдаи коркарди технологияҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии вобаста ба фаъолият дар соҳаи истифодаи захираҳои табиат ба хубӣ барояд;

– истеҳсолот ва хизматрасонӣ дар корхонаҳои марбут ба истифодаи захираҳои табииро ташкил карда тавонад;

– фаъолияти самараноки корхонаҳоро назорат намояд;

– назорати сифат ва бехатарии истифодаи захираҳои табииро таъмин намояд;

– лоиҳасозӣ ва барқарорсозии захираҳои табииро донад;

-аз уҳдаи пешбурди фпаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ барояд;

-корҳои таълимӣ-тарбиявиро дар самти фанҳои вобаста ба маҷмӯи илмҳо доир ба Замин (ҷуғрофия, астрономия, экология,табиатшиносӣ ва ғайра) пеш бурда тавонад;

-аз уҳдаи пешбурди корҳои беруназсинфии вобаста ба кишваршиносӣ ва фаъолияти сайёҳӣ-экскурсионӣ бо хонандагон, инчунин тарғиби донишҳои ҷуғрофӣ ва экологӣ ба хубӣ барояд. 

Доираи фаъолияти хатмкунанда

Хатмкунандаи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат метавонанд дар самт ва соҳаҳои зерин фаъолият намоянд:

  • муассисаҳои таълимӣ;
  • идораҳои истеҳсолот;
  • ҳифзи табиат, менеҷер дар муассисаҳои таълимӣ ва пажуҳишгоҳҳо;
  • менеҷери ташкилотҳои сайёҳӣ.

Хатмкунандагон метавонанд дар дигар соҳаҳое, ки ба тахассуси онҳо мувофиқ, дорои дониши баланди тахассусӣ ва салоҳиятҳоиятҳои дахлдор бошанд, фаъолияти касбӣ намоянд.

Хатмкардаи бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат ба фаъолияти касбии зерин омода мешаванд:

  • омӯзгори фанни география дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ;
  • роҳбари клубҳои сайёҳӣ-экскурсионии муассисаҳои таълимӣ ва таҳисоли иловагӣ;
  • мутахассиси боғҳои миллӣ, мамнӯъгоҳҳо ва парваришгоҳҳо;
  • менеҷер дар ширкатҳои сайёҳӣ;

Барномаи таҳсилотии мазкур аз рӯи самт ва равия амалӣ карда мешавад. Намуди мушаххаси фаъолияти касбӣ, ки аз рӯи он бакалавр омода карда мешавад, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ якҷоя бо иштирокчиёни ваколатдори ҷараёни таълимӣ муайян карда мешаванд.

Хатмкунанда – бакалавре, ки барномаи таҳсилотиро аз рӯйи ихтисоси 1-31 02 01-02 03 – географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳат аз худ кардааст, метавонад тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсили худро дар зинаи дуюми таҳсилоти олии касбӣ-магистратура аз рӯйи равия ва самт (ихтисос)-и мувофиқ идома диҳад.

Вазифа: баҳодиҳии иқтидори табиӣ-захиравии минтақаҳо ва мамалакат,  муайян кардани имконияти истифодаи захираҳои табиӣ, моделсозии геоиттилоотӣ, муайянсозии имкониятҳои корхонаҳои нигоҳдории захираҳои табиӣ, ташкили хизматрасонӣ дар ширкатҳои сайёҳӣ, лоиҳасозӣ ва тартиби барқарорсозии захираҳои табиӣ