Кафедраи риёзиёт дар иќтисодиёт
Кафедраи риёзиёт дар иќтисодиёт аз рўзњои аввали таъсисёбии донишкада, яъне моњи ноябри соли 1991 ташкил карда шудааст. Номи кафедра якчанд маротиба иваз шудааст. Аз љумла, кафедраи риёзиёти олї ва муњандисї-техникї, кафедраи риёзиёти олї, кафедраи риёзиёти олї ва информатика, кафедраи риёзиёти дар иқтисодиёт, кафедраи риёзиёт ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва аз сентябри соли 2021 кафедра номи риёзиёт дар иқтисодиётро гирифтааст.
Аз соли 1992 то соли 2008 вазифаи мудири кафедраи Риёзиёти олиро профессор М.Исматї ба ўњда доштанд.
Аз моњи январи 2008 то моњи сентябри соли 2011 вазифаи мудири кафедраи Риёзиёт дар иќтисодиётро дотсент Муродов Б. иљро намудааст.
Аз соли 2011 то соли 2012 вазифаи мудири кафедраро дотсент Азизов Р.Э. иљро карданд.
Аз соли 2012 то соли 2013 вазифаи мудири кафедраро дотсент Љобиров Љ. Қ. ба уњда доштанд.
Аз моњи феврали 2013 то моҳи октябри соли 2014 мудирии кафедраро дотсент Қараев Х. Х. ба уҳда доштанд.
Аз моҳи ноябри соли 2014 то моҳи сентябри соли 2016 вазифаи мудири кафедраро дотсент Азизов Р.Э. иљро намудаанд.
Аз моњи сентябри 2016 то моҳи августи соли 2020 вазифаи мудири кафедраро дотсент Қараев Х. Х. иљро кардаанд.
Аз моњи августи 2020 то ҳол вазифаи мудирии кафедраро дотсент Қозиев Гулназар иҷро карда истодаанд.
Аз таърихи таъсиси кафедра то имрӯз ба ифтихор метавон ќайд кард, ки ду нафар аъзоёни кафедра рисолаи доктори илмњои физикаю риёзиро њимоя намуданд. Инњо устодон Муњаммадљон Исматї ва Файзалї Саъдуллоевич Комилов мебошанд. Як нафар аъзои кафедра рисолаи номзади илмҳои физикаю математикаро ҳимоя намуданд, устоди кафедра Хуромонов Хуромон Мамадамонович мебошанд. Инчунин, ду нафар омӯзгорони кафедра Аҳмадов Фарвариддин ва Заурбеков Алишер низ дар ҳарафаи ҳимояи номзадӣ қарор доранд.
Устод Муњаммадљон Исматї рисолаи доктории худро дар мавзўи «Оиди баъзе масъалањои омехтаи бо худ пайваста ва ѓайри пайвастаи физикаи риёзї» (ноябри соли 2003) њимоя намуданд. Фанҳое, ки аз тарафи устодони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таълим дар макотиби олӣ ба шумор мераванд. Аз љиҳати ҳайати кадрӣ ва таъминоти моддӣ-техникӣ кафедра хуб таъмин мебошад.
Мавзўи асосии илмию тадќиќотии олимони кафедра бо роњбарии профессор Исматї М. «Дар бораи масъалаҳои канорӣ ва омехтаи муодилаҳои дифференсиалӣ» ном дошта, дар бахшњои муайяни он зери номњои мушаххас профессор М.Исматї, дотсентон Қозиев Г.М., Ќараев Х.Х., Азизов Р.Э., Хуромонов Х.М., Заргаров Ҷ.Ҷ., Валиев Н.Г., Палавонов Қ.Қ. устодони калон Норќулов Р.О., Аҳмадов Ф.М., Ойев С.Я., Назарова З. ва ассистентон Шоназаров Ҳ.Н., Пайшанбиева Ҳ.Т., Пирова М., Заурбеков А. корњои илмї-тадќиќотиро иљро менамоянд.
Дар кафедра маҳфили илмии донишљўён бо роњбарии н.и.ф.м.дотсент Палавонов Қ.Қ. фаъолият мекунад, ки дар он зиёда аз 39 нафар донишљўёни курсњои 1, 2 ва 3 фаъолона иштирок менамоянд.
Дар баробари муваффаќиятњои хеле назарраси илмию тадќиќотї устодони кафедра дар љодаи корњои таълимї, илмию методї ва ташкилї дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он шинохта шудаанд. Дар тўли фаъолияти худ устодони кафедра д.и.ф.р., профессор М.Исматї, н.и.ф.р., дотсентон Муродов Б., Азизов Р.Э. ва Раљабов Б. чандин барномањои таълимию корї ва китобњои дарсию методї таълиф намудаанд. Ба ќалами ин устодон китоби дарсии «Курси мухтасари риёзиёти олї» ба забони тољикї, иборат аз 3 ќисм ба донишљўёни макотиби олї пешкаш шудааст, ки ќисми якуми он «Геометрияи аналитикї ва элементњои алгебраи хаттї» Б.Муродов: ќисми дуюм «Тањлили риёзї» муаллифон Б.Раљабов ва М.Исматї ва ќисми сеюми он тањлили риёзї ва муодилањои дифференсиалї», «Маљмўаи мисолу масъалањои тестї аз математика», “ Математикаи олї барои тахассусњои иқтисодї”-ро профессор М.Исматї навиштаанд. «Корњои мустаќилона аз математика»-ро Муродов Б. таълиф намудаанд.
Профессор М.Исматї солҳои охир васоитҳои таълимӣ ва монографияҳои “Корректная разрешимость некоторых самосопряженных и несамосопряженных и неклассических смешанных задач математической физики” қисмҳои 1,2 ва ”Абсолютная и равномерная сходимость разложений по собственным функциям самосопряженных и несамосопряженных дифференциальных операторов”- ро таълиф намудаанд. Тавре дар боло ќайд намудем, аъзоёни кафедра дар корњои роњбарию ташкилотї низ сањми худро доранд.
Кафедра потенсиали бузурги илмию тадќиќотї ва илмию методї дорад. Њангоми онро пурсамар истифода намудан, аъзоёни кафедра метавонанд ба мувафаќиятњои боз њам назаррас соњиб гарданд.
Дар кафедра инчунин нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар ҳошияи амру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст. Донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ тавасути ҳидоятҳои устодони кафедра мунтазам озмуну олимпиадаҳои гуногун аз фанҳои математика ва физика иштирок менамоянд. Илова бар ин, бо ташабуси кафедра ҳар сол донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” ва “донишҷӯ ва пешрафти илму техника” иштирок мекунанд.