Санаи 21 июли соли 2022 хонум Сара Ошағи директори маркетинги байналмилалӣ ва рушди бизнеси Донишгоҳи Ситии Малайзия ва Датин Путери Ҷулиана бинти Абдул Азиз директори Институти меҳмондорӣ ва сайёҳӣ, ҳамзамон директори ташкилоти Вател дар Малайзия ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
      Ташрифи меҳмонон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ хуш пазируфта шуда, пас аз боздид ва шиносоӣ аз пойгоҳи омодасозии кадрҳо дар Донишгоҳ мулоқоти судманд бо ректори муассиса профессор Асрорзода Убайдулло Саттор сурат гирифт.
      Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба масоили амалисозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, таъсиси факултети муштарак, ташкили табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон ибрози назар намуданд.
      Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 табодули академии як гурӯҳ донишҷӯён ва такмили ихтисоси панҷ нафар омӯзгор дар марҳилаи аввал дар Донишгоҳи Ситии Малайзия ба роҳ монда шавад.
      Дар навбати хеш меҳмонон аз рӯи натиҷаи боздид ҳавасмандии хешро ҷиҳати ба роҳ мондани табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи Ситии Малайзия ба ДБССТ, баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, нашри китобҳои дарсӣ дар ҳаммуаллифӣ ва амсоли инҳо иброз намуданд.

 

Leave a Comment