БАРДОШТ АЗ МУЛОҚОТИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО АҲЛИ ИЛМ ВА МАОРИФИ КИШВАР, 30-ЮМИ МАЙИ СОЛИ 2024

    Вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар кайҳо ба ҳукми анаъна даромадааст во олимон, мутахассисон, коршиносон ва аҳли зиё чунин чорабинии сатҳи олиро дер боз интизор буданд. Ва интизории онҳо дер давом накар ва рӯзи 30 майи соли равон дар яке аз манзараҳои дилнишини шаҳри зебоманзари Душанбе аниқтараш дар кохи “Ваҳдат” ширкаткунандагони мулоқоти навбатии аҳли зиё бо Пешвои миллат аз субҳи рӯзи 30 майи соли равон аз соати 5-00 кайҳо барои вуруд ба кохи азим омодагии ҳаматарафа доштанд ва соати 8-00 ҷаласа оғоз гардид ва дар саҳнаи толори кохи “Ваҳдат” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он ворид шуданд. Аҳли зиё Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомали Раҳмонро бо пазироии гарму ҷушон бо мавҷи кафкубиҳои давомдор пешвоз гирифтанд, ки то дер боз аз хотири банда низ зудуда намешавад.
      Мехоҳам дар зер фикру андеша ва хулосаҳои хешро аз ин мулоқоти созанда ва пурарзиш ибрози ақида намоям.
Пеш аз ҳама хотирасон менамоям, ки дар ҳар куҷое ки Президенти кишвар маърӯза ва баромад мекунанд он бо як ҷаҳон самимият, чеҳраи нуронӣ ва мазмуну муҳтавони баланду хосс, андешаҳояшон ба сомеон бо хуби таъсири нек мебахшад ва шунавандаю бинандаро ба худ ҷазб менамояд, чунки забони гӯёву солиси адабӣ, ба ҳама фаҳмо ва хеле дилчасп ба шунаванда таъсири мусбат расонида тафаккури фикронии онҳоро бедор менамояд.
     Дигар ин ки ҳар гоҳ, ки сухан дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли таърих меравад он кас бо тамоми ҳастиашон аз фарҳанги бою рангини тоҷик ва намояндагони адабиёти классику муосир, сиёсатмадорон, фарзандони сарсупурдаи миллат ва қаҳрамонони ин миллати куҳанбунёд бо сарбаландӣ ибрози андеша дошта бо онҳо фахр менамоянд. Ин хислати бузурги эшон аст, ки моро ба самият ва дурандешиву хулосаҳои амиқ баровардани Ҷаноби олӣ боз ҳам аз ҳардафъа дида бештар мафтун месозад.
Дар оғози мулоқот Пешвои миллат ба таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, вазъи кунунии иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли гузашта ва маълумотҳои Стратегияи милли Ҷумҳури Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат барои солҳои 2021-2025, муқоисаи онҳо бо солҳои пешин хеле амиқ ва дақиқ пешкаши ширкаткунандагони мулоқот гардонданд. Он кас гарчанде иброз намуданд, ки ин рақамҳои макроиқтисодии рушди мамлакатро дар Паёми навбатиам ба Маҷлиси олӣ кишвар моҳи декабри соли гузашта гуфта будам, такрор ҳам шавад бори дигар аз дастовардҳои иқтисоди Тоҷикистон шуморо ошно месозам.
    Президенти муҳтарам дар маърӯзаашон бештар ба фаъолияти илмиву таҳқиқотии олимони пажӯҳишгоҳҳои мақомоти АИМТ, АИКТ, дастовардҳои олимонану омӯзгорони мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои ҷолиби хешро иброз дошта таъкид намудан, масалан … :
     “ – аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ беш аз 1400 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 36 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло дар мамлакат боз 724 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 152 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз ин шумора даҳҳо лоиҳа ба соҳаи илм равона гардидааст;
  – нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд;
  – дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расид;
  – шумораи аҳолии мамлакат аз 5,5 миллион нафари соли 1991 ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 ба 10,3 миллион нафар расид, яъне қариб ду баробар афзоиш ёфт;
  – соли 2024 шумораи танҳо муштариёни алоқаи мобилӣ ба беш аз 6,7 миллион нафар расид;
 – танҳо дар соли 2023 барои истифодаи алоқаи мобилӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат 3,8 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Ҳоло шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет дар кишвар зиёда аз 4,2 миллион нафарро ташкил медиҳад;
  – соли 1991 дар кишвар 53 меҳмонхона фаъолият дошт ва ҳоло ин рақам ба 227 расидааст ё 4,2 баробар зиёд гардидааст;
 – дар оғози соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ як ташкилоти қарзӣ мавҷуд буд. Ҳоло ин рақам ба 63 расидааст;
 – дар замони шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи кор фаъолият дошт;
 – ҳоло беш аз 3 ҳазору 500 корхонаи саноатӣ бо 88 ҳазор ҷойи кор сохта, ба истифода дода шавад;
 – соли 2000-ум ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар низоми бонкӣ ҳамагӣ 93 миллион сомониро ташкил карда бошад, ҳоло ин нишондиҳанда ба 20,4 миллиард сомонӣ расидааст, яъне 219 баробар афзоиш ёфтааст;
 – соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст;
  – то замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст. Яъне, ҳам шумораи мактабҳои олӣ ва ҳам шумораи донишҷӯёни онҳо қариб чор баробар афзудааст;
 – маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-юм ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 ба 2438 сомонӣ расонда шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд. Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад;
 – татбиқи нишондиҳандаҳои “СМР-2030” корро ба мақсади то охири муҳлати Стратегия ба 1,5 фоизи ММД расондани ҳиссаи хароҷоти умумӣ ба соҳаи илм тақвият бахшанд;
 – таъсиси сохтори алоҳида – Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти мамлакат бояд ба раванди пайванди илм бо истеҳсолот ва рушди фаъолияти инноватсионӣ такони ҷиддӣ бахшад;
 – ҳоло дар кишвар қариб 5900 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ фаъолият менамоянд, ки 886 нафар ё 15,5 фоизи онҳо доктори илм (аз ин 146 нафар ё 16 фоиз занон), 4800 нафар номзади илм ва 158 нафар доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд.
 – то замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3300 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, аз ҷумла 229 нафар докторҳои илм ва 3074 нафар номзадҳои илм, фаъолият мекарданд. Яъне, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст. Таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд”.
    Рақамҳои зикршуда ба андешаи мо ҳама паҳлуҳои рушди иқтисоди миллӣ ва фаъолияти соҳаҳои илм ва таҳсилоти олии мамлакатро дар давраи таҳлил фаро гирифта бошанд, ҳам натиҷаи кори онҳо бори дигар нишон дод, ки то андозае фаъолияти воқеии онҳо ҳам Президенти мамлакат ва ҳам ҷомеаи имрӯзаи моро қаноат кунонида наметавонанд.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президеенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ошкоро таъкид намуданд, ки аз кору фаъолияти бархе аз пажӯҳишгоҳҳои АИМТ, АМКТ: Мисол: Пажӯҳишгоҳи математикаи Академияи миллии илмҳо, Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ ва чарогоҳ, Пажӯҳишгоҳи масоили амнияти биологӣ ва биотехнология ва Пажӯҳишгоҳи хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзӣ ва умуман фаъолияти воқеии олимону аҳли зиё он қадар қаноатманд нестанд:
   “Муҳтарам намояндагон ва кормандони муассисаҳои илмӣ, хусусан роҳбарони илмии унвонҷуёну аспирантҳову докторантҳо! Бо дарназардошти вазъе, ки гуфта шуд, ман аз шумо мепурсам, ки чунин муносибат илми тоҷикро ба куҷо мебарад? Ин гуна хунукназарӣ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ метавонад дар оянда оқибатҳои бисёр ногувор, аз ҷумла паст гардидани сатҳи маърифатро дар байни ҷомеа ба миён оварад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки маблағҳои буҷет беҳисобу беохир ва беназорат нестанд. Бинобар ин, аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъиян талаб менамоям, ки ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд”.
    “Ҷобаҷогузории мутахассисон боз як масъалаи дигари муҳим дар фаъолияти муассисаҳои илмӣ маҳсуб мешавад. Масалан, дар Маркази омӯзиши пиряхҳо, аз замони таъсисёбиаш, ягон мутахассиси самти пиряхшиносӣ ба кор ҷалб нашудааст. Аксари кормандони ин муассиса, ҳатто, ихтисоси наздик ба ин самтро надоранд. Аз камбудиҳои зикргардида чунин хулоса бармеояд, ки ҷобаҷогузории кадрҳо дар муассисаҳои Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ қонеъкунанда нест ва ҳангоми пешниҳоди таъсиси ин ё он сохтори илмӣ масъалаи таъмин будани онҳо бо мутахассисони соҳа ба назар гирифта намешавад. Аз ин лиҳоз, дастур дода мешавад, ки Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ барои ишғоли вазифаҳои илмӣ озмуни ғайринавбатӣ эълон намоянд ва қабули довталабонро бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ба роҳ монанд. Муовини Сарвазири мамлакат    – сарпарасти соҳа ва ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, вазифадор карда мешаванд, ки ин масъаларо зери назорати қатъӣ қарор диҳанд”.
  “Аз ин рӯ, ба Дастгоҳи иҷроияи Президент дастур дода мешавад, ки гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, дар муддати се моҳ масъалаҳои вобаста ба дигарбора таъсис додани Академияи илмҳои тиббиро баррасӣ намояд ва санадҳои дахлдорро дар ин хусус ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад”.
  “Соли 2021 паркҳои технологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро аз андоз озод намуда, ба онҳо иловатан як қатор имтиёзҳо додем. Тибқи маълумот, ҳоло дар назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамагӣ 24 парки технологӣ амал мекунад.  Илова ба хеле кам будани чунин паркҳо, фаъолияти онҳо ба талабот ҷавобгӯй набуда, аксарашон ба ном вуҷуд доранд. Бо дарназардошти ин, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ҷиҳати ба талаботи замон мувофиқ намудани фаъолияти паркҳои технологӣ то охири соли ҷорӣ тадбирҳои дахлдор андешанд”.
 “Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат вазифадор карда мешавад, ки ин масъаларо таҳти назорат гирифта, бо таъсиси комиссияи махсус самаранокии хароҷоти маблағҳои аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар давоми даҳ соли охир барои паркҳои технологӣ ҷудогардидаро таҳлил карда, аз корҳои то охири сол амалишаванда натиҷагирӣ намояд”.
  “Қобили зикр аст, ки ба шарофати кӯшишу талошҳои Ҳукумати мамлакат дар самти расидан ба ҳадафҳои миллӣ, хусусан ноил гардидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат, имрӯзҳо дар соҳаи саноати кишвар дастовардҳои назаррас дида мешаванд. Фаъолияти «Ширкати алюминийи тоҷик», «Ноқил ТАЛКО», таъсиси даҳҳо корхонаи истеҳсоли семент, эҳё гардидани фаъолияти корхонаи «Тоҷик Азот», бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ, корхонаҳои хурду бузурги коркарди пахта ва истеҳсоли маводи ғизоӣ ин матлабро тасдиқ менамояд”.
    “Соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимони кишвар таъкид карда будам, ки самту равияҳои авлавиятдошта бояд, пеш аз ҳама, ба навсозиву ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва иҷрои ҳадафҳои стратегӣ: таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат равона карда шаванд. Дар баробари ин, зарурати таъмин кардани пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ дар замони муосир, хусусан, дар шароити тағйирёбии босуръати иқлим натиҷаҳои самарабахши илмиро дар самтҳои ташаккули «энергияи сабз», «иқтисоди сабз», «иқтисоди рақамӣ», ихтироъ ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ талаб менамояд. Аз ҷумла, саҳми олимони ватанӣ дар татбиқи Стратегияи рушди «зеҳни сунъӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва тибқи он, то ба 5 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ расондани даромад дар натиҷаи ҷорӣ намудани технологияҳои «зеҳни сунъӣ» хеле зарур ва ҳатмӣ мебошад”.
   “Дар санадҳои қаблан қабулгардида самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ аз 65 то 110 номгӯйро дар бар гирифта, қисми зиёди онҳо бо мазмун ва ҳадафи худ наметавонанд дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи кишвар дар марҳалаи рушд нақши калидӣ ё муассир дошта бошанд. Бо вуҷуди ин ки, таҳқиқоти илмии самтҳои ғайригуманитарӣ қариб 75 фоизи ҳамаи таҳқиқоти амалишуда ва амалишавандаро дар давоми даҳ соли охир ташкил медиҳад, пешбинӣ намудани чунин шумораи бузурги самтҳои авлавиятдошта иҷрои сифатноки онҳоро ғайриимкон мегардонад. Аз ин лиҳоз, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Академияи миллии илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки номгӯи самтҳои авлавиятдоштаи таҳқиқоти илмиро аз нав таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.
“Бо мақсади густариши таҳқиқоти илмӣ дар самти рушди устувор, «иқтисоди сабз» ва сайёҳиву соҳибкорӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон пажӯҳишгоҳҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз» ва «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ» таъсис дода шуданд. Сохторҳои зикршуда вазифадоранд, ки бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар доираи маркази татбиқи лоиҳа, ки дар назди донишгоҳ амал мекунад, оид ба тиҷоратикунонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва пайванди илм бо истеҳсолот чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин, нашри мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ зиёд карда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун «кишвари сабз» бештар ва ҳадафмандона муаррифӣ намоянд”.
   “Бо мақсади суръат бахшидан ба рушди инноватсионӣ ва саноатикунонии кишвар мо соли 2021 Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030-ро қабул намудем. Вале бояд гуфт, ки татбиқи ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегияи мазкур дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва дар ин самт мушкилоту камбудиҳои зиёд ҷой доранд”.
  “Қисми зиёди ҳадафҳои пешбининамудаи Стратегия дар муҳлатҳои муайяншуда амалӣ нагардидааст. Масалан, нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур аз 122 банд иборат буда, ҳадафҳои барои солҳои 2021-2023 пешбинигардида аз рӯйи 50 банди он иҷро нашудаанд. Татбиқи сифатноку самарабахши Стратегия метавонад рушди инноватсионии кишвар ва пайванди илм бо истеҳсолотро густариш бахшида, коркардҳои нави технологиро ба вуҷуд оварад. Ба ин мақсад, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро гардидани санади мазкурро таъмин намоянд”.
   “Мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд”.
   Дар хотимаи андешаҳоям мехоҳам бо суханони самимиву ибратомӯзи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ақидаҳоям ҳусни фарҷом бахшам:
   “Ман ба мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус ҷавонони бонангу номуси он, такроран, муроҷиат карда, иброз медорам, ки мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон бошем.
   Мо бояд ҳамеша ба имконоту неруи худ такя кунем, Ватани биҳиштосоямонро сидқан дӯст дорем, заҳмат кашем, кишвари маҳбубамонро бо дастони хеш ва бо неруи зеҳнии худамон боз ҳам обод кунем, ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ҳамдигарро дар лаҳзаҳои душвору вазнин дастгирӣ намоем.
    Ба миллати тоҷдорамон, ба давлати соҳибистиқлоламон ҳамеша содиқ бошем, доим дар хотир дошта бошем, ки миллати тоҷик ба туфайли забону фарҳанг, илму дониш ва маърифати баланди хеш дар мураккабтарин давраҳои таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз байн нарафт, зинда монд ва минбаъд низ зиндаву ҷовидон хоҳад монд. Мо бояд дилпур бошем, ки ояндаи давлати тоҷикон дурахшон аст.
   Борҳо таъкид кардаам ва такроран таъкид менамоям, ки мо бояд илму дониш омӯзем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, шогирд тарбия намоем, наврасону ҷавононамонро соҳибмаърифат ва соҳибкасбу соҳибҳунар гардонем, ки онҳо дар оянда муҳтоҷи дигарон нашаванд.
    Бовар дорам, ки шумо – олимону донишмандон ва омӯзгорону зиёиёни муҳтарам – бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаатон дар рушду пешрафти давлат саҳми бештар мегузоред ва минбаъд низ рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоед”.
Мураттиб: д.и.и., и.в. профессори
кафедраи иқтисоди ҷаҳони ДБССТ М. Ҷамшедов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *