ОҒОЗИ СИЛСИЛА-СЕМИНАРҲОИ ИЛМИИ ДОКТОРИ ИЛМҲОИ ҲУҚУҚШИНОСӢ, ПРОФЕССОР Н.А. ҚУДРАТОВ ДАР МАВЗӮИ “НАҚШИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БА ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021–2025 ДАР ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ”, ДАР ЗАМИНАИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ҚАРЗИ ДБССТ
Санаи 14 феврали соли 2025 бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар доираи “Нақшаи чорабиниҳои ДБССТ вобаста ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм”, бо иштироки васеъи омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети молия ва қарзи ДБССТ семинари илмӣ вобаста ба мавзӯи “Нақши Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ” баргузор гардид.
Семинари илмиро доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ профессор Қудратов Н.А. баргузор намуд.
Дар рафти семинари илмӣ дар бораи сабаб ва шароитҳои ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳое, ки аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эътипроф карда шудаанд, таҳлили моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон вобаста ба экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ ва монанди инҳо маълумотҳои дақиқ ва мушахас дода шуд.
Дар ҷараёни муҳокима, иштирокчиён ба таҳлили амиқи омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие, ки ба густариши ҷинояткорӣ ва раванди радикализатсия мусоидат мекунанд, пардохтанд. Илова бар ин, аҳамияти ҳамкории ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ дар самти пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористиву экстремистӣ дошта таъкид гардид.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин семинари илмӣ дар доираи дигар факултетҳо дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати ДБССТ то санаи 21 феврали соли 2025 давом меёбад. Мақсад аз баргузории чунин семинарҳо ин баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, таҳкими худшиносию ифтихори миллӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии онҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ба равандҳои созандаи ҷомеа мебошад. Баргузории чунин семинарҳо ҳамчун василаи муҳими тарбиявӣ метавонанд дар ташаккули маърифати шаҳрвандӣ ва ҳувияти миллӣ нақши калидӣ бозанд.