20 майи соли 2023 дар Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ба ғолибони даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ш. Левакант, намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ғолибон иштирок намуданд.
Маълумот дода шуд, ки дар озмуни мазкур аз 32 МТОК Ҷумҳурии Тоҷикистон 142 нафар донишҷӯён аз рӯйи 5 фанни таълимӣ – математика, физика, химия, технологияҳои иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ ва асосҳои демографии он байни худ сабқат намуданд.
Ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”, дипломҳои дараҷаи 1, 2 ва 3, инчунин маблағҳои ҳавасмандӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, муассисаҳои таълимие, ки донишҷӯёнашон дар ин озмун фаъолнокии бештар нишон доданд, бо Сипосномаи раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.