ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!
Зери чунин унвон дар доираи таҷлили сазовори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 ноябри соли равон бо ибтикори садорати факултети баҳисобгирӣ-иқтисодии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҳпаймоии устодон ва донишҷӯёни факултет зери роҳбарии декани факултет Одиназода Комрон Саидаброр дар хиёбону гулгаштҳои ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе доир карда шуд.
Ҳамчунин, ба тамоми утоқҳои кории кормандон Парчам ва ба роҳбарони воҳидҳои сохтории Донишгоҳ нишони сарисинагӣ бо рамзи Парчами давлатӣ тақдим карда шуд.

Leave a Comment