ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
Шўрои олимон – ҳамчун мақоми олии идоракунии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Шўрои олимони донишгоҳро бевосита ректори Донишгоҳ роҳбарӣ менамояд.
Шўрои олимони Донишгоҳ натиҷаҳои фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодиро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар намудани онҳо тавсия медиҳад. Дар Шўрои олимон тибқи нақша ҳисоботи фаъолияти таълимӣ, илмию таҳқиқотӣ, тарбиявӣ ва байналмилаливу хоҷагидорӣ аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ шунида мешавад.
Инчунин, Шўрои мазкур масъалаи таъсис намудан ва бастани факултетҳо, кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва номгузории онҳоро чун қоида бо назардошти таҳкимбахшии онҳо, бунёди коллективҳое, ки метавонанд вазифаҳои дар назди донишгоҳ истодаро дар маҷмўъ иҷро намоянд, ҳаллу фасл менамояд. Номзадҳоро барои дарёфти идрорҳои мухталиф аз ҷумлаи донишҷўёни аълохони донишгоҳ ва таҳқиқотчиён тавсия менамояд. Барои гузаронидани чорабиниҳои дар боло зикргардида захираҳои молиявӣ ва меҳнатиро тасдиқ мекунад.
Асосан вазифаҳои Шўрои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- муттаҳид намудан ва самаранок истифода бурдани нерўи илмӣ, таълимӣ ва методии ҳайати профессорону омўзгорон ва кормандони донишгоҳ;
- дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», низомномаи мазкур ва дигар асноди меъёриву ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мусоидат намудан ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои илмию омўзгорӣ, амалигардонӣ ва рушди минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ, инкишофи корҳои таълимию методӣ ва тарбиявӣ дар байни донишҷўён;
- назорат аз болои иҷрои қарорҳои қабулшуда.
Шўрои олимони донишгоҳ айни замон 25 нафар аъзо дорад.