КАФЕДРАИ ГЕОГРАФИЯИ ИҚТИСОДӢ ВА ЭКОЛОГИЯ
Кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология дар заминаи кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондорӣ дар асоси қарори Шурои олимони Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтори идоракунии донишкада аз 30 апрели соли 2021, протоколи № 11.7 таъсис дода шудааст.
Кафедра аз ҷумлаи кафедраҳои тахассусӣ ба ҳисоб рафта, донишҷӯёнро аз рӯи 3 ихтисос: 1-310201-0203 – Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат, 1-0204-0503 – География. Иқтисодиёт, 1-03020109 – Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ омода менамояд.
Мақсади асосии кафедра тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз рӯи барномаи таълимӣ барои мутахассисони соҳаи географияи иктисодиёт, кишваршиносии сайёҳӣ, географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат мебошад.
Дар айни замон дар кафедра 29 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 нафар доктори илм, профессор, 14 нафар номзади илм (8 нафар ҳамкор), 8 нафар муаллимони калон ва 6 нафарро ассистентон ташкил менамоянд.
Иқтидори илмии кафедра яке аз нишондиҳандаҳои дараҷаи баланди омодасозии мутахассисони рақобатпазири бозорӣ меҳнат ба ҳисоб меравад. Иқтидори илмии кафедра 51,7%-ро ташкил медиҳад.
Кафедраи географияи иқтисодӣ ва экология ҳамчун як зерсохтори Донишгоҳ дар ҳайати факултети гуманитарию педагогӣ фаъолият менамояд. Устодони кафедра кӯшиш менамоянд, ки донишҷӯёни риштаи омӯзгорӣ-иқтисодиро аз ҷиҳати ҷаҳонбинии илмӣ мусаллаҳ гардонида, онҳоро дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳисси ватандӯстӣ тарбия намоянд.
Дар чунин руҳия тарбия гирифтани донишҷуён дар оянда барои пешрафти ҷомеа ва корҳои ҷамъиятӣ хеле муҳим мебошанд. Вазифаи асосии устодони кафедра пеш аз ҳама, тайёр намудани шахсиятҳои барои ояндаи ҷомеа зарур ва мутахассисони арзандаи соҳаи экология ва географияи Тоҷикистон мебошад. Зеро, дурусту оқилона истифода бурдани сарватҳои табиии мамлакат аз омода намудани мутахассисони дорои сатҳи баланди маърифати экологӣ ва донишҳои экологӣ-географӣ вобаста мебошад.
Аз ин хотир, ҷиҳати расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти таълим, илм ва инноватсия, иҷрои корҳои таҳқиқотӣ ва тарбиявӣ дар кафедра тибқи амру фармон, дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм, фармоишҳои Вазири маориф ва илм, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ба роҳ монда шуда, барои татбиқи нуқтаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм ва ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ҷаҳду талош доранд.
Имрӯз дар баробари таълиму тарбия сарбории илмӣ низ қисми пайвастаи фаъолияти устодони кафедраро ташкил дода, тақозо менамояд, ки баробари омӯзонидани насли ҷавон худ низ омӯзанд ва муҳаққиқи сермаҳсул бошанд.
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии кафедра дар асоси Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030 ва Стратегияи рушди Донишгоҳ барои солҳои 2023-2028 ба роҳ монда шудааст.
Равияи кори илмӣ-таҳқиқотии кафедра аз рӯи мавзуъи «Ҷанбаҳои иқтисодӣ-географии рушди соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави иқтисодӣ» ба роҳ монда шудааст.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Геоэкологи ҷавон” амал мекунад. Дар маҳфил донишҷӯён доир ба мавзуъҳои банақшагирифташуда маърузаҳо омода намуда, баромад менамоянд.