Шуъбаи кор бо ҷавонон

Давлатов Раҳматҷон Тоҳирович

Тел: (+992) 550457000

Е-mail: rahmatdavlatov0010@gmail.com

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Давлатов Раҳматҷон Тоҳирович – мудирии шубаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон. Аз соли 2025 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касби ва илмй фаъолият намуда истодааст.

Дар донишгох Давлатов Раҳматҷон рохбарии самти кор бо ҷавонон ва варзишро ба уҳда дорад. Вазифахои асосии Ӯ ба ташкил ва ҳамоҳангсозии корҳои тарбияви, банақшагириву баргузории чорабиниҳои гуногун дар байни донишчуён, аз чумла барномаҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, аксияхои тарғиботию ташвиқотӣ ва солимгардонӣ дар байни донишчуён, аксияхои тозагиву ободонӣ ва шанбегиҳо, кор бо созмонҳои ҷавонон, назорати риояи тартибу интизом ва коидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таълимӣ дар байни донишчуён, кор бо донишҷуёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда, ҳамоҳангсозӣ ва назорати ҳаракати волонтёрон ва гуруҳи ҷавонони “Авангард” дар донишгоҳ ва ғайраҳо нигаронида шудаанд.

Вазифахои мазкур ба фароҳамсозии муҳити мусоиди талими ва тарбияви, ки ба рушди ҳамаҷониба ва мутобиқшавии бомуваффақияти донишҷуён мусоидат менамояд, равона гардидаанд.

Давлатов Раҳматҷон барои саҳми арзанда доштан дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишчуён бо сипосномаи раёсати донишгоҳ ва сипосномаву ифтихорномахои сохави қадрдонӣ шудааст.