Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ

 

Ҷалилов Ромиш Рустамович
Тел.: (+992) 88 8831993
E-mail: romish.jalilov@iutet.tj

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҷалилов Ромиш Рустамович – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.

Дар соҳаи маориф, илму таҳқиқот ва таҳсилоти олии касбӣ аз соли 2017 ба фаъолият оғоз намуда, ҳамчун коршинос доир ба масъалаҳои омӯзиши назариявию методии ташаккул ва рушди модели корпоративии бахши давлатӣ, ҳамчунин коркарди роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо иштироки давлат эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию тадқиқотии Ҷалилов Ромиш Рустамович масъалаҳои мубрами рушди бахши корпоративии давлатӣ, ташаккул ва рушди модели идоракунии корхонаҳои вощиди давлатӣ, такмили механизми идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо ҳисаи давлат, ташкил ва рушди фаъолияти иқтисоди беруна дар сатҳи корхонаҳо дар бар мегирад.

Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 62 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 4 васоити таълимӣ, 2 дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 2 монография ва 46 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 8 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.

Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2021 бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, қадрдонӣ шудааст.

Дар донишгоҳ Ҷалилов Ромиш Рустамович дар назорати ташкили раванди таълим, тақсимоти саривақтии сарбории таълимии омӯзгорон, иҷрои барномаҳои таълимӣ ва  ҷадвалҳои дарсӣ масъул мебошад.

Инчунин, таҳия намудани тақвими академии раванди таълим, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ба стандартҳои таълимии байналмилалӣ, назорати истифодабарии усулҳои фаъоли таълим аз ҷониби омӯзгоронро ба уҳда дорад.

Рӯихати корҳои илмӣ:  https://elibrary.ru/author_items.asp?authorid=1177455