БОЗДИДИ САФИРИ ДАВЛАТИ КУВАЙТ АЗ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Сафири Фавқулода ва Мухтори Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Рошид Ал-Амирӣ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид намуда, бо ректори муассиса, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, мулоқот анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф, илм, сайёҳӣ ва соҳибкорӣ, роҳандозии табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва рушди робитаҳои илмиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, Сафири Давлати Кувайт бо имкониятҳои таълимию илмӣ, инфрасохтори муосир ва дастовардҳои Донишгоҳ шинос гардид.

Таъкид шуд, ки ин боздид барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимии Тоҷикистону Кувайт заминаи мусоид фароҳам меорад.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар