Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия

Ҷуразода Хайриниссо Ҳайдар

Тел.: 
E-mail: 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумоти мухтасар

Ҷуразода Хайриниссо Ҳайдар – муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмиалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Ҷуразода Хайриниссо Ҳайдар соли 2000 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ – нозири андоз хатм кардааст. Ӯ фаъолияти меҳнатии худро соли 2000 ба ҳайси ассистенти кафедраи молия ва қарзи ҳамин муассисаи таълимӣ оғоз намудааст.

Солҳои 2000-2003 дар вазифаи ассистенти кафедраи молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз соли 2003 то соли 2017 ҳамчун муаллими калони кафедраи номбурда фаъолият намудааст.

Солҳои 2018-2020 дар вазифаи муовини декани факултети иқтисодиёт оид ба илм дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кору фаъолият намудааст.

Ҷуразода Хайриниссо фаъолияти меҳнатии худро дар МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2020 дар вазифаи муовини декани факултети молия ва қарз оид ба илм шуруъ намуда, аз соли 2022 ҳамчун муовини декани факултети номбурда оид ба таълим идома додааст.

Дар соли 2023 Ҷуразода Хайриниссо рисолаи номзадии худро дар мавзуи: “Пространственное размещение и специализация субъектов экономики–Хатлонской области Республики Таджикистан (на примере малого и среднего предпринимательство)» аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 – иқтисодиёт ва иқтисодиёти минтақавӣ ҳимоя намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст.

Солҳои 2023-2024 директори маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз соли 2025 дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7.01.2025, №15/1-2 ва бо дастрасии банди 28-и Оинномаи донишгоҳ ба вазифаи директори Институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии назди МД ДБССТ таъин гардида, зимнан аз моҳи январи соли 2026 дар вазифаи иҷрокунандаи ректори Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатия фаъолият намуд.

Ҷуразода Хайриниссо муаллифи китоби дарсӣ – “Аудит” (Душанбе: Ирфон, 2019), дастури таълимӣ – методӣ “Баҳодиҳии зерсохтори гумрукӣ” (Бохтар: ҶДММ “Ношир-С, 2026” мебошад, ки дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар аз ҷониби устодон ва донишҷӯён истифода мешаванд.

Ӯ муаллифи зиёда аз 90 мақолаҳои илмии марбут ба масоили иқтисодӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ мебошад. Ӯ ҳамчунин муаллифи як монографияи илмӣ – “Пространственное размещение и специализация фирм МСБ” (Душанбе: Сино, 2025), мебошад.
Хизматҳои шоистаи Ҷуразода Хайриниссо бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” (соли 2025), Ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, МД Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав қадрдонӣ карда шудааст.