Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» озмуни стартапҳо баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо мақсади дастгирии ташаббусҳои инноватсионии ҷавонон, рушди тафаккури соҳибкорӣ ва фароҳам овардани имконият барои муаррифии ғояҳои нав роҳандозӣ шуд. Иштирокчиён лоиҳаҳои стартапии худро пешниҳод намуда, ҳадафҳо, роҳҳои татбиқ ва аҳаммияти амалии онҳоро муаррифӣ карданд.
Баргузории чунин озмунҳо ба таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот, ташаккули малакаҳои таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои соҳибкорӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба фаъолияти навоварона мусоидат менамояд. Ин чорабинӣ барои табодули таҷриба ва рушди ҳамкорӣ ҷиҳати табдил додани ғояҳои эҷодӣ ба ташаббусҳои амалии соҳибкорӣ замина фароҳам овард.












































