Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
info@iutet.tj
www.iutet.tj
Маҷаллаи илмии “Масоили мубрами давлат, ҷомеа ва ҳуқуқи муосир” ба баррасии масъалаҳои марбут ба идоракунии давлатӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, такмили қонунгузорӣ ва ҳалли муаммоҳои ҳуқуқии замони муосир равона шудааст. Ин минбари муҳими илмӣ барои муҳаққиқон, ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳа ба ҳисоб меравад. Дар маҷалла мақолаҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва педагогика нашр мегарданд.
Маҷалла дар Индекси иқтибосҳои илмии Русия (РИНЦ) ворид гардида, дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №314/МҶ-97 аз 27.11.2023 ба қайд гирифта шудааст. Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Матни мукаммали маводи чопӣ дар сомонаи расмии маҷалла ҷойгир мешавад (www.iutet.tj). Маҷалла дар Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДБССТ барои нашр таҳия мегардад. Нишонии Маҷалла: 734055, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, к. Борбад 48/5. Сомонаи маҷалла: (www.iutet.tj). E-mail: majala.dbsst@gmail.com Тел.: (+992 37) 234-88-02