ХУШХАБАР! ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮИ ДБССТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»

Донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз» сазовори ҷойи сеюм гардид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Саймудинов Аҳлиддин Муродович, донишҷӯи курси якуми ихтисоси 26020200 – «Менеҷмент»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки бахшида ба 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, аз рӯйи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ» сазовори ҷойи сеюм гардид.

Донишҷӯи болаёқат таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи технологияҳои иттилоотии донишгоҳ Раҳмонзода М.Н. ба озмун омодагӣ дида, бо нишон додани донишу малакаи касбӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосир ба ин дастоварди назаррас ноил гардид.

Ин муваффақият бозгӯи иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, аз таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти донишгоҳ ба рушди технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, фаъолияти инноватсионӣ ва дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод шаҳодат медиҳад.

Бояд таъкид намуд, ки иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмию инноватсионии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои рушди тафаккури эҷодӣ, таҳкими малакаҳои касбӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Саймудинов Аҳлиддин Муродович ва роҳбари илмии ӯ Раҳмонзода М.Н.-ро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи илмию инноватсионӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.

ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ИЛМӢ ВА ИННОВАТСИОНӢ БА КУЛЛИ ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДБССТ МУБОРАК БОШАД!

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар