БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ РАВАНДИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БИНОИ 12-ОШЁНАИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ДИПЛОМАТИЯ

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор аз раванди корҳои омодагӣ ва марҳилаи аввали сохтмони бинои 12-ошёнаи Донишкадаи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон боздид ба амал овард.

Зимни боздид ректори Донишгоҳ профессор Убайдулло Асрорзода бо ҷараёни корҳои ибтидоии сохтмон, омодасозии майдони сохтмон ва тадбирҳои пешбинишуда ҷиҳати татбиқи минбаъдаи лоиҳа шинос гардид.

Таъкид карда шуд, ки бунёди иншооти мазкур яке аз иқдомҳои муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникӣ, тавсеаи инфрасохтори таълимию илмӣ ва фароҳам овардани шароити муосир барои омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия ба ҳисоб меравад.

Дар анҷоми боздид ректори Донишгоҳ ба масъулин ҷиҳати ташкили самараноки корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи техникию бехатарӣ, таъмини сифати корҳо ва иҷрои саривақтии марҳилаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар