ХУШХАБАР! ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДТРЗС ДБССТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»

ҶОЙИ ЯКУМ МУБОРАК!

Донишҷӯи курси 2-юми Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Боймадов Шаҳром дар озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин барномасоз», ки бахшида ба 30-солагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, аз рӯйи номинатсияи «Барномасозӣ» сазовори ҷойи якум гардид.

Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба рушди иқтисоди рақамӣ, омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, зеҳни сунъӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.

Пирӯзии Боймадов Шаҳром дар озмуни ҷумҳуриявӣ натиҷаи талошу заҳматҳои пайвастаи донишҷӯ, фаъолияти самараноки ҳайати омӯзгорон ва муҳити мусоиди таълимию инноватсионии Донишгоҳ арзёбӣ гардида, барои дигар ҷавонони соҳибистеъдод намунаи ибрат мебошад.

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Боймадов Шаҳромро бо ин пирӯзии арзанда самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи таҳсилӣ, илмӣ ва инноватсиониаш муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоянд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар