КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

Кафедраи фаъолияти бонкӣ дар асоси ќарори Шўрои олимони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, суратмаљлиси 11/3.4, ҳамчун кафедраи хизматрасонии бонкӣ аз 23 июни соли 2010 таъсис ёфта, аз 1 сентябри соли 2010 ба фаъолият оѓоз намудааст. Бо ќарори Шўрои олимон соли 2020 кафедра Фаъолияти бонкї номгузорї шудааст.

Кафедра барои ташкилотњои ќарзӣ аз рўи ихтисосњои 1-25010402 – “Кори бонкї”, 1-25010202 – “Иќтисодиёти молиявї ва бонкї”, 1-260202.17 – Менеҷменти бонкӣ ва 1-25010408 – “Бозори фондї” дар ду зинаи таҳсилоти олӣ  – бакалавр ва магистр мутахассисони маълумоти олидорро омода менамояд.

Дар тўли 15 соли фаъолияти худ кафедраи фаъолияти бонкї ихтисоси “Кори бонкӣ”-ро зиёда аз 650 нафар хатм намудаанд. Ќабули довталабон ба ихтисосњои 1-25010202 – “Иќтисодиёти молиявї ва бонкї” ва 1-25010408 – “Бозори фондї” аз соли 2020 ва ба ихтисоси 1-260202.17 – Менеҷменти бонкӣ аз соли 2025 љорї карда шудааст.

Мутахассисони соҳаи бонкдориро ҳайати омӯзгорони кафедраи фаъолияти бонкї, иборат аз 9 нафар кормандони илмӣ-педагогӣ, ки 1 нафарашон доктори илмҳои иқтисодӣ ва 3 нафарашон номзади илм, дотсент мебошанд, омода менамоянд. 

Хатмкунандагони ихтисосҳои тобеи кафедра дар муассисањои низоми бонкї, ташкилотҳои хурди ќарзӣ, дар раёсатҳои молия ва амалиёти асъорӣ-ќарзӣ, идораҳои амалиёт бо коѓазҳои ќиматноки бонкҳои тиљоратию давлатӣ кору фаъолият карда метавонанд. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҳайати кории бисёре аз ташкилотҳои қарзии ҷумҳуриро хатмкунандагони кафедра ташкил мекунанд.

Раванди таълим дар кафедра дар асоси хусусиятҳои бозори хизматрасониҳои бонкӣ ва суғуртавӣ, сегментҳои он бо назардошти талаботи муносибатҳои бозорӣ ба роҳ монда шуда-аст. Айни замон устодони кафедра аз рӯи зиёда 20 фанни таълимї дарс мегузаронанд, ки ҳамаи онҳо бо силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, матни лексияҳо ва васоитҳои айёнӣ таъмин мебошанд.

Фанҳое, ки аз тарафи устодони кафедра дарс дода мешаванд, ҳамчун ҷузъи ҳатмии стандарти давлатии таълим дар макотиби олӣ баромад мекунанд. Ҳамзамон ин фанҳо барои омодакунии мутахассисони дипломдори тахассусҳои гуногун, аз он ҷумла мутахассисони соҳаи бонкдорӣ мутобиқат карда, ба талаботҳои муосири макотиби олӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Дар солњои гуногун фаъолияти кафедраро олимони намоёни љумњурї, аз љумла, н.и.и., дотсент Назриев М.Ф. (с.2010-2014), н.и.и., дотсент Љўраев Б.М. (с.2014-2016), н.и.и., дотсент Рањимов Љ.О. (с.2015-2018) роњбарї намудаанд. Аз 15 октябри с.2018 роњбарии кафедра ба зиммаи дотсент Исмоилов А.А. вогузошта шудааст.

      Кафедраи фаъолияти бонкӣ барои дар сатҳи баланд омода намудани мутахассисони соњаи бонкдорӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст. Аз љињати моддї-техникї кафедра хуб таъмин мебошад. Дар назди кафедра 1 бонки таълимӣ, 3 синфхонаи методї ташкил карда шудаанд, ки онњо бо тахтаҳои электронї, аёниятњо ва проектор муљањњаз мебошанд.

Кафедраи фаъолияти бонкї робитаҳои судмандро бо ташкилотҳои қарзии ватанӣ ба роҳ мондааст, ки ин ба талаботҳои Стандарти давлатии таълим нисбати сифат ва сатҳи омодакунии мутахассисон ҷавобгӯй мебошад.