Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Сардори раёсати илм ва инноватсия
Қудратов Некруз Абдунабиевич
Телефон: + 992 93 596 00 01
mail:nek-kudratov@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Қудратов Некруз Абдунабиевич – сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.
Аз соли 2004 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ эътироф шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ масъалаҳои мубрами ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои давлатӣ-ро дар бар мегирад.
Профессор Қудратов Некруз муаллифи зиёда аз 176 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 7 китоби дарсӣ, 28 воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 5 монография ва 140 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 2 мақола дар маҷалаҳои Скопус ва зиёда аз 70 мақола дар журналҳои тақризшаванда) мебошад.
14 июни соли 2012 рисолаи номзадии худро пеш аз муҳлат дар Донишгоҳи давлатии лингвистикаи шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мавзӯи «Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳое, ки бо муфлисшавӣ алоқаманд: масъалаҳои назария, амалӣ ва қонунгузорӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои ҳуқуқ профессор Шарипов Т.Ш. ва 10 декабри соли 2021 рисолаи докториашро дар мавзӯи “Ҳифзи ҳуқуқӣ-ҷиноятии асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлатӣ: масъалаҳои доктриналӣ, ҳуқуқтатбиқкунӣ ва мукаммалгардонии қонунгузорӣ” таҳти мушовири илмӣ, профессор Кибалник Алексей Григоревич бомувафақият ҳимоя намудааст.
Барои хизматҳояш, Қудратов Некруз бо як қатор мукофотҳои бонуфуз, аз ҷумла бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (соли 2014) ва унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2017) сарфароз шудааст.
Дар Донишгоҳ Қудратов Некруз роҳбарии самтҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва инноватсиониро ба уҳда дорад. Ӯ барои ташкили корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баргузории олимпидаҳои илмӣ, ташкил ва баргузории конфронсҳои илмии сатҳи гуногун, нашри маҷалаҳои илмӣ ва дигар корҳои илмӣ дар умум масъул мебошад.
Рӯихати корҳои илмӣ – https://www.elibrary.ru/author_profile.asp?id=662203
Ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсия
Шаҳрвандӣ – Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат – тоҷик
Санаи таваллуд – -02.11.1992
Тел.: – (992) 885-59-92-92
Почтаи электронӣ – nazirashohzoda@mail.ru
Маълумоти мухтасар
Шоҳзода Назира Изатулло – ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Аз соли 2016 инҷониб дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва илми мамлакат фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти илмию таҳқиқотии ӯ ба масоили назариявии истифодаи сармояи хориҷӣ дар рушди бозори хизматрасониҳои экологӣ, аз ҷумла иқтисоди сабз, бахшида шудаанд.
Шоҳзода Назира Изатулло 2-юми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №20 – и ба номи А. Пушкини шаҳри Душанберо (1999-2010) хатм намудааст. Солҳои 2009-2014 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ, таҳсил намуда, онро бо баҳои аъло хатм намудааст. Солҳои 2014-2016 аз рӯи ихтисоси молия ва қарз дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон зинаи магистратураро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2016 то соли 2020 ба ҳайси мудири кабинет дар кафедраи назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти рушд ва котиб-коргузори факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то соли 2021 ба ҳайси танзимгари факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2021 то соли 2022 муовини декан оид ба тарбияи факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ ва аз соли 2022 то 2024 ба ҳайси мудири бахши кор бо занон ва духтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон фаъолият намуда, аз сентябри соли 2024 то имрӯз ходими калони илмии Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Солҳои 2022-2025 докторант PhD аз рӯи ихттисос таҳсил менамояд. Рисолаи номзадиро дар мавзуи “Самаранокии истифодаи сармояи хориҷӣ дар рушди бозори хизматрасониҳои экологӣ” пажуҳиш намуда, дар самти мазкур 8 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионӣ, 20 мақолаи илмӣ 25 мақолаҳои оммавӣ дар маҷаллаҳои илмии гуногун нашр намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили истифодаи сармояи хориҷӣ, бозори хизматрасониҳои экологӣ, масоили рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст.
Унвон ва дараҷаи илмӣ – дар самти илмҳои иқтисодӣ дар марҳилаи дифоъи рисолаи номзадӣ қарор дорад.
Оиладор соҳиби як фарзанд.