Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Cардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ
Қурбонова Зулфия Маҳманабиевна
Тел.: +992 918 71 50 05
E-mail: zulkurbonova@gmail.com
Маълумоти мухтасар
Зулфия Қурбонова – сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
Аз соли 2011 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад. Самтҳои асосии фаъолияти илми ӯ масъалаҳои таҳлили муносибатҳои муосири байналмилалӣ, амнияти байналмилалӣ, аз ҷумла низоъҳо ва ҳолатҳои ба низоъ дучоршаванда, инчунин таҳияи тавсияҳои амалӣ ва муассир оид ба пешгирии онҳо, идоракунӣ ва ҳалли низоъҳо дар ҷаҳони муосир дар бар мегирад.
Профессор Зулфия Қурбонова узви шӯроҳои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсатшиносӣ ва низоъшиносӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор рисолаҳои номзадӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия ва сиёсатшиносӣ омода ва дифоъ карда шуданд. Муаллифи 9 монография, 9 китоби дарсӣ ва зиёда аз 120 мақолаи илмӣ дар соҳаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, дипломатия, сиёсатшиносӣ, низоъшиносӣ ва таҳсилоти олӣ мебошад.
Барои хизматҳояш, Зулфия Қурбонова бо унвони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2021) сарфароз шудааст.
Дар донишгоҳ Зулфия Қурбонова самтҳоеро, ки фаъолияти ташкилӣ ва ҳамоҳангсозии донишгоҳро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ, ки ба ҳамгироӣ ба низоми ҷаҳонии таҳсилот ва таҳкими нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст, ба уҳда дорад.
Мудири шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо
Машокиров Ҷаҳонгир Неъматуллоевич
Тел.: +992 93 571 54 54
E-mail: iutet.tj@gmail.com , jahongir.mashokirov@gmail.com
Маълумоти мухтасар
Ҷаҳонгир Машокиров – мудири шуъбаи барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент.
Соли 2009 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 2010 дар соҳаи илм ва таҳсилоти олӣ кор мекунад ва ҳамчун дар якчанд лоиҳаҳои байналмилалӣ иштирок намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмию пажӯҳишии ӯ рушди соҳаи сайёҳӣ, хизматрасониҳои сайёҳӣ, сайёҳии байналмилалӣ ва рушди сайёҳӣ дар низоми иқтисоди «сабз»-ро дар бар мегирад. Ҷаҳонир Машокиров дар якчанд донишгоҳҳои бонуфуз таҳсил намудааст:
Ҷаҳонгир Машокиров дар самти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ саҳми муносиб дошта, ба натиҷаҳои назарраси илмӣ ноил гардидааст. Айни замон аз ҷониби муаллиф 2 – монография 120 – мақолаи илмӣ ва 2 дастурҳои методӣ ба чоп расонида шудааст.
Ҷаҳонгир Машокиров дар татбиқ намудани лоиҳаҳои байналмилалии Донишгоҳҳои бонуфузи Иттиҳоди Аврупо Донишгоҳи Залсбурги Австрия, Донишгоҳи техникии Берлини Олмон, Донишгоҳи Малага, Донишгоҳи Кадиси Испания таҳқиқоти илмӣ анҷом додааст:
Дар Донишгоҳ Ҷаҳонгир Машокиров роҳбарии самти барномаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, грантҳо ва сармоягузориҳои давлатӣ инчунин бурсияҳои таҳсилотиро дар раёсати робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозӣ лоиҳаҳои байналмилалиро ба зима дорад.
Рӯихати корҳои илмӣ замима дар ORCID