МАСЪАЛАҲОИ УМДАИ РИЁЗИЁТ ДАР ОСОРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ, АБУАЛИ ИБНИ СИНО ВА УМАРИ ХАЙЁМ

Таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ баргузор гардид
26 декабри соли 2024 дар доираи амалисозии Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуали ибни Сино ва Умари Хайём” баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор намояндагон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институтҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шарикони хориҷӣ тариқи маҷозӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳ меҳмононро хайрамақдам гуфта, вобаста ба мубрамияти баргузории конфронси зикршуда брози назар намуд. Қайд карда шуд, ки ин конфронс на танҳо як платформа барои муҳокима ва таҳқиқи амиқи мероси бузурги ин абармардони илму фарҳанг аст, балки як фурсати нодир барои муттаҳид кардани олимон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун аз кишварҳои мухталиф мебошад.
Мероси илмии халқи тоҷик, ки тавассути бузургони илму фарҳанг ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст, барои башарият манбаи илҳом ва раҳнамоӣ гардидааст. Дар радифи ин афроди фарзона, се нобиғаи беҳамто – Абурайҳони Берунӣ, Абуали ибни Сино ва Умари Хайём – ҳамчун сутунҳои устувори илми риёзӣ ва фалсафа дар таърихи инсоният нақши бузурге доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо, суханрониҳо ва китобҳояшон ба масъалаҳои илму фарҳанг ва саҳми бузурги донишмандони гузашта, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамеша таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат ба зарурати омӯзиши осори ин донишмандон барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили иқтисодии имрӯза, аз ҷумла идоракунии захираҳои табиӣ, рушди илм ва истеҳсолот, таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист борҳо таъкид намудаанд. Ба гуфтаи Сарвари давлат мероси илмии ин олимон метавонад ба рушди сиёсати иқтисодии кишварҳо, хусусан дар доираи принсипҳои одилонаи истифодаи захираҳо, кӯмак расонад.
Осори Абурайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём назари васеъ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии даврони худро низ дарбар мегиранд. Ин се шахсият бо мулоҳизаҳои амиқи худ дар соҳаҳои илм, фалсафа ва иҷтимоиёт тавонистанд андешаҳои тозаеро дар бораи пешрафти ҷомеа ва иқтисод пешниҳод кунанд.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор қайд намуд, ки ҳамасола бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” силсилаи конфронсҳои байналмиллаӣ гузаронида мешавад.
Аз ҷониби дигар, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ҳамчун як муассисаи пешсафи таълимӣ ва илмӣ, ҳамеша барои пешбурди илм, таҳқиқот ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ талош менамояд. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки конфронси имрӯза ба густариши омӯзиши мероси илмии гузаштагон ва татбиқи он дар шароити мусоидат мусоидат хоҳад кард.
Сипас, Комили Абдулҳай Шарифзода – д.и.ф.м., профессор, директори Институти илмию тадқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Муҳаммадҷон Исматӣ – профессори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Хаёл Бобоев – д.и.т., профессор, сарходими илмии шуъбаи бахши илм ва техникаи АМИТ, Ҳамза Камол – д.и.т., профессор, мудири шуъбаи таърихи асрҳои миёна ва нави АМИТ, Қурбонов Баҳром Раҳмонович – д.и.т., профессор, муовини ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Куранбова Умеда Султонназаровна – д.и.т., профессор, сарходими илмии Институти илмию тадқиқотии шарқшиносӣ ба номи Абу Райҳон Берунии АИҶУ бо маърӯза баромад намуданд.
Конфронс кори худро баъд аз нисфирӯзӣ дар бахшҳои алоҳида идома дод. Маводи конфронс бо сатҳу сифати баланд дар ҳаҷми 439 саҳифа аз ҷоп баромад.
Маълумотномаки муқарризи якум

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *