АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МЕҲВАРИ МУЛОҚОТ БО АГЕНТИИ ТАЪМИНИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ (QAA)

3 ноябри соли 2025 дар доираи сафар ба Британияи Кабир ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҳмадалӣ Қурбонзода бо роҳбарияти Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ дар Британияи Кабир вохӯрӣ доир намуданд.
Дар доираи мулоқот ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат роҷеъ ба ҳамкорӣ бо агентиҳои аккредитатсионӣ дар самти таъмини сифати таҳсилот ва аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионали гузаштан ибрози назар намуданд.
Сипас, роҳбари Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) Ник Бэйли ва директори иҷроияи рушди бизнеси Агентӣ оид ба тартиб ва шартҳои баргузории аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ ва институтсионалӣ иттилоъ дод.
Маврид ба зикр аст, ки Агентии таъмини сифати таҳсилоти олӣ (QAA) аз бонуфузтарин агентҳои таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва аккредитатсионии Британияи Кабир маҳсуб ёфта, дар қасри байналмилалӣ нуфузи баланд дорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати аз аккредитатсияи байналмилалии муштарак гузаронидани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мувофиқа расиданд.
Иқдоми мазкур дар асоси дархости ҷонибҳо ва созишномаи ҳамкорӣ сурат хоҳад гирифт.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар