АНҶУМАНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

17 марти соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба таҷлили “Наврӯзи байналмилалӣ-2025” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар он ректори Донишгоҳ, меҳмонон аз сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, устодону кормандон, магистрантон, донишҷӯён ва хонандагони Литсейи донишгоҳ иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшида, ҳамагонро ба ин ҷашни ҷаҳонӣ, ки рамзи баҳору эҳёи табиат аст, табрику таҳният намуд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Наврӯз таҷассумгари ҳикмати бузурги аҷдодӣ, рамзи эҳёи табиат, меҳру муҳаббат, дӯстиву ваҳдат ва оғози умеду орзуҳои нав мебошад. Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз дар даврони соҳибистиқлолии ватани азизамон эҳёи дубора ёфт ва имрӯз дар радифи ҷашнҳои бузурги ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Бо дастгирии Пешвои миллат ва ҳамкории кишварҳои ҳавзаи фарҳанги Наврӯз ин иди бузург мақоми байналмилалӣ гирифт ва ҳамчун рӯзи ҷаҳонии ҳамдилӣ, сулҳу субот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Қайд гардид, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Президенти маҳбуби кишвар, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамчун як маркази илму маърифат, насли навро бо рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, худшиносиву хирадмандӣ ва омӯзиши доимии навгониҳои ҷаҳонӣ тарбия мекунад. Наврӯз барои мо илҳоми нав барои омӯзиш, навоварӣ ва пешрафт буда, ҳамчун ҷашни фарҳангии ҷаҳонӣ метавонад имкониятҳои навро барои муаррифии кишвар, рушди сайёҳии фарҳангӣ ва тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам оварад. Имрӯз рисолати мо – омӯзгорон, муҳаққиқон ва донишҷӯёни донишгоҳ – муаррифии суннатҳои наврӯзӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори ҷомеа мебошад. Ҳамчунин мо бояд арзишҳои наврӯзиро ба наслҳои оянда омӯзонида, мафҳуми Наврӯзро ҳамчун ҷашни дӯстӣ, ҳамгироӣ, эҳёи табиат ва такомули маънавии инсон тарғиб намоем.
Бо фармоиши роҳбарияти Донишгоҳ, бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ озмуни “Беҳтарин гӯшаи Наврӯзӣ” байни 20 сохтори донишгоҳ, аз ҷумла Донишкадаҳои байналмилалӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, институтҳои таълимӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, коллеҷҳо, факултетҳо, литсейи назди Донишгоҳ ва дигар воҳидҳо ташкил ва баргузор гардид.
Барои баҳогузории одилона ба маҳорати иштирокчиён Комиссияи озмунӣ бо иштироки мутахассисон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.
Тибқи Низомномаи озмун, иштирокчиён на танҳо гӯшаҳои Наврӯзиро бо ороиши хосса муаррифӣ карданд, балки дар номинатсияҳои “Беҳтарин маликаи Наврӯзӣ”, “Бобои деҳқон”, рақсу суруд, саҳнача ва байтбарак низ ҳунарнамоӣ намуданд. Ҳамзамон, дар Наврӯзгоҳи Донишгоҳ мусобиқаҳои варзишӣ ва пухтани таомҳои миллӣ ҷараён гирифт, ки шукӯҳи ҷашнро дучанд афзуд.
Ансамбли “Соҳибкор” бо иҷрои суруду таронаҳои ҷаззоби наврӯзӣ табъи ҳозиринро болида гардонид.
Чорабинии “Наврӯзи байналмилалӣ-2025” дар фазои мутантан ва шукӯҳи хоса баргузор гардида, ҳозиринро ба ояндаи нек ва рушди фарҳанги миллӣ руҳбаланд сохт.
ДБССТ, 17.03.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Хабарҳо
Бештар