АСОСИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА МАОРИФУ ИЛМ АСТ

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳо дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баррасии амиқ карда шуд. Таҳлилҳои амиқи Пешвои миллат бозгўи онанд, ки соли 2024 низ барои халқи тоҷик соли пурбарор ва бофайз буд.
Пешвои миллат дар Паёми хеш ба масъалаи маориф ва илм таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд, аз ҷумла таъкид шуд, ки «Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад». Албатта, таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва дар ин давраи соҳибистиқлолӣ пешравиҳо дар ин самт хеле зиёданд. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, «то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд».
Яъне ҳикмати ин суханон хеле баланд аст, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҳама давру замон шахси соҳибхираду донишманд метавонад бо ѓояҳо ва ташаббусҳои пешбарандааш рушди ҷомеаро ба таҳрик дарорад. Аз ин рў, рў овардан ба илму дониш, забондонӣ ва балад будан аз технологияҳои иттилоотӣ дар замони имрўза барои пешрафти ҳар як инсон ва дар умум барои рушди мамлакат таъсиргузор аст. Зеро насли ҷавон давомдиҳандаи кори имрўзиён аст ва танҳо бо донишу ҷаҳонбинии васеъ ва ташаббусҳои навоварона, ихтирооту кашфиётҳои нодир метавон ба пешрафти кишварамон саҳм гузошт.
Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии ҷавонон фаъолгардонии қишрест, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷааш созандагию бунёдкорӣ ва дар фазои байналмилалӣ ба ҷаҳониён муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Бинобар ин, маърифатнокии ҷавонон, пеш аз ҳама, дар дараҷаи ҷаҳонбинӣ, донишу малака ва таҷрибаи иҷтимоии онҳо таҷассум ёфта, ба ояндаи босуботи кишвар, рушди ҷомеа ва сатҳи некуаҳволии мардум таъсири бевосита мерасонад.
Пайдост, ки дар ҳама давру замон маҳз сатҳи баланди маърифат омили муҳими таъминкунандаи пешрафт маънидод гардида, дониши амиқи қишри ҷавони ҷомеа намоёнгар ва таъминкунандаи нақшу мавқеи ӯ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, дар самти мазкур ҷавонон метавонанд ба сифати неруи бузурге баромад намоянд, ки бо меҳнати босубот ва ташаббускоронаи онҳо мавқеи мамлакат рӯз то рӯз дар арсаи ҷаҳон муайян гардад.
Барои ба ин мақсади олӣ, яъне рушду тараққӣ ва ояндаи дурахшон ноил шудан ҷавонони моро, пеш аз ҳама, маърифату ҷаҳонбинии васеъ лозим аст. Маҳз тавассути аз худ намудани дониши амиқу ҳаматарафа мо метавонем мақсадҳои созандаи худро роҳандозӣ намуда, ояндаи кишварро дар байни мамлакатҳои ҷаҳон мусбат арзёбӣ намоем.
Ҷаҳони имрӯзаро бе пешрафти илму маориф тасаввур намудан душвор аст. Зеро кулли мамолике, ки имрӯз ҷаҳон зери нуфузи қудрати онҳо қарор дорад, бешубҳа, пайвандӣ ба пешрафти илму маориф ва техникаву технологияро доранд. Ҳамагон инро медонанд, ки бештари он мушкилоте, ки дар ҷаҳони феълӣ ҷой доранд, марбут ба заъфи илму маориф ба шумор мераванд. Фақат бо доштани донишу андешаи созанда мо ба мақсадҳои наҷибу бунёдкорона расида метавонем ва ободу хуррам гардонидани ин марзу буми аҷдодиро анҷом медиҳем. Ба ҳамин мазмун бузурге фармуда:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Бояд донист, ки асоси пешбарандаи ҷомеа илм аст. Мо насли калону пуртаҷриба саъй бар он бояд намоем, ки ба шуури ҷавонон донишҳои ѓайриилмӣ ворид нашавад.
Иброҳимзода И.Р., директори Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ
Абдуллоева М.Н., котиби илмии ИИТСС ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *