Асрорзода Убайдулло раиси нави Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон интихоб гардид

Имрӯз, санаи 13 – уми ноябри соли 2024 дар бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ – интихоботии Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон таҳти раёсати котиби Генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон – Абдуллозда Муҳаммадшоҳ ва муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Шокирзода Муҳаммадтолиб баргузор гардида, дар он Асрорзода Убайдулло Саттор – ректори Донишгоҳи байналмилалии соҳибкорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон, роҳбарияти Федератсия ва дигар нафарони масъул иштирок доштанд.
Пеш аз оғози ҷаласа ҳайати иштирокчиён аз осорхонаи Кумитаи миллии олимпӣ дидан намуда, бо дастовардҳои варзишии ҳайати олимпичиёни мамлакат аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар ҷаласа се масъала мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.
1. Ҳисоботи раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон Мирзоев Бобомурод;
2. Мавриди баррасӣ қарор додани аризаи истефои раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон;
3. ⁠Интихоби раиси нави Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон.
Тибқи тартиби муайяншуда, аз рӯи масъалаи якум ҳисоботи раиси Федератсияи варзиши сайёии Тоҷикистон оид ба фаъолият ва дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ шунида шуд.
Сипас, дар доираи масъалаи дуюми кории ҷаласа аризаи истефои раиси Федератсия мавриди муҳокимаи ҳайати аъзоён қарор дода шуда, тариқи овоздиҳӣ аз ҷониби аъзои Федератсия ҷонибдорӣ гардид.
Ҳаминтариқ, мутобиқи тартиб аз рӯи масъалаи сеюми ҷаласа ба ҳайси раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон номзадии Асрорзода Убайдулло Саттор пешниҳод гардид, ки аз ҷониби аъзои Федератсия ва иштирокчиёни ҷаласа якдилона дастгирӣ ёфт.
Дар фарҷоми ҷаласа аз ҷониби масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба раиси тозаинтихоби Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон – Асрорзрда Убайдулло Саттор барору муваффақият таманно гардида, барои ҳамкориҳои дуҷониба даъват карда шуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Кумита

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *