АФЗАЛИЯТҲОИ РУШДИ САЙЁҲӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2024)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар як санади муҳимми стратегӣ мебошад, ки ҳамчун нақшаи мукаммал барои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалӣ нигаронида шудааст. Ин ҳуҷҷат афзалиятҳои калидии сиёсати давлатӣ, самтҳои асосии рушди устувори иқтисодӣ ва роҳҳои амалисозии ҳадафҳои стратегиро муайян менамояд.
Дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои стратегии сиёсати миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ин бахш бо таваҷҷуҳ ба имкониятҳои ғании табииву фарҳангии кишвар, ҳамчун воситаи муҳим барои рушди устувори иқтисодӣ, таблиғи мероси фарҳангии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аҳамияти хоса дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табиати нотакрор, мавқеи ҷуғрофии нодир, захираҳои фаровони табиӣ ва мероси ғании таърихӣ, дорои имкониятҳои бемисл барои рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки сайёҳӣ метавонад яке аз соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ гардад.
Маҳз бо ин далел, солҳои охир дар кишвар тадбирҳои ҷиддӣ оид ба рушди сайёҳӣ амалӣ мешаванд, ки он самти стратегӣ дар сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.
Зимни ироаи Паёми навбатӣ Пешвои миллат бо зикри афзоиши шумораи сайёҳони воридшуда ба 1,4 миллион нафар дар соли 2024, дастовардҳои кишварро дар ин бахш таъкид намуданд. Ин нишондиҳандаҳо шаҳодати онанд, ки тадбирҳои андешидашуда дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон натиҷаҳои назаррас дода истодаанд.
Бо вуҷуди ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки барои нигоҳ доштани тамоюли мусбати рушд ва расидан ба ҳадафҳои баландтар, зарур аст, ки чораҳои иловагӣ, аз ҷумла истифодаи пурраи имкониятҳои таърихиву табиӣ, кӯҳнавардӣ, фарҳангӣ ва табобативу истироҳатии кишвар, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, таблиғи фаъоли имкониятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, амалӣ карда шаванд.
Дар робита ба ин, Пешвои миллат зикр доштанд, ки рушди устувори сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се омили муҳим вобастагии зич дорад:
Иқтидорҳои табииву фарҳангӣ: Мероси ғании таърихӣ, аз ҷумла ёдгориҳои замони аҳди қадим, табиати зебо ва манбаъҳои шифобахши кишвар, Тоҷикистонро ба як макони ҷолиб барои сайёҳон табдил додаанд.
Сиёсати «дарҳои кушода»: Ислоҳот дар самти содагардонии низоми раводид, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми электронии гирифтани раводид, имконияти беҳтар барои дастрасии сайёҳон ба кишварро фароҳам овардааст.
Рушди инфрасохтор: Дар солҳои охир, дар ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он бо дастгирии давлатӣ ва бахши хусусӣ, як қатор меҳмонхонаҳои замонавӣ, осоишгоҳҳо ва хатсайрҳои сайёҳӣ бунёд шуданд.
Бо вуҷуди дастоварду пешравиҳо, тавре Пешвои миллат махсус қайд намуданд, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ҳамоҳангӣ бо дигар сохторҳо ва мақомоти идоракунии маҳаллӣ барои расидан ба сатҳи баланди рақобатпазирии байналмилалӣ дар бахши сайёҳӣ бояд як қатор мушкилотро вобаста ба норасоии инфрасохтор, таъмини хизматрасонии баландсифат ва таблиғот дар сатҳи ҷаҳонӣ бартараф намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат бо дарназардошти аҳамияти бузурги сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ ва нуфузи байналмилалӣ, як қатор чораҳои стратегии муҳимро барои истифодаи пурраи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Ин тадбирҳо дар чор самти асосӣ – рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, рушди сайёҳии дохилӣ ва таблиғи байналмилалӣ пешниҳод гардиданд.
Воқеан, рушди инфрасохтор шарти муҳимтарин барои пешбурди соҳаи сайёҳӣ мебошад.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки барои ҷалби сайёҳон лозим аст, ки инфрасохтори кишвар мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ такмил дода шавад. Ин масъала бахусус дар минтақаҳои дурдаст, ки дорои иқтидори баланди сайёҳӣ мебошанд, аҳамияти зиёд дорад.
Ба андешаи мо, дар ин самт бунёди меҳмонхонаҳои дорои дараҷаи байналмилалӣ, махсусан дар шаҳрҳои сайёҳӣ ва минтақаҳои кӯҳистон, ба роҳ мондани низоми истиқоматии маҳаллӣ, беҳтар намудани сифати роҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ, ташкили хатсайрҳои муосир барои таъмин намудани дастрасии осон ба маконҳои сайёҳӣ нақши муҳим мебозад.
Мавриди зикр аст, ки беҳбуди инфрасохтор на танҳо ба ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад, балки ба рушди бахшҳои марбути иқтисодӣ, аз қабили нақлиёт, сохтмон ва хизматрасониҳо низ таъсири мусбат мерасонад.
Яке аз омилҳои калидӣ барои рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ сифати хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад. Пешвои миллат зарурати омӯзиши мутахассисони соҳаи сайёҳӣ ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалиро қайд карданд.
Дар ин самт ташкили курсҳои омӯзишӣ, барои роҳбаладон ва кормандони меҳмонхонаҳо дар сатҳи байналмилалӣ, бо таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ ва фарҳанги хизматрасонӣ зарур мебошад. Дар баробари ин, ҷорӣ намудани стандартҳои ҷаҳонӣ барои меҳмонхонаҳо ва марказҳои хизматрасонӣ, инчунин ташкили платформаҳои рақамӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Самти дигаре, ки Президенти кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи он дастур доданд, инкишофи сайёҳии дохидӣ мебошад. Пешвои миллат таъкид карданд, ки аҳамияти сайёҳии дохилӣ бояд тавассути чорабиниҳои фарҳангиву табиӣ, ба монанди ташкили хатсайрҳои дохилӣ, ки дорои аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ мебошанд, ҳамчунин ташкил ва баргузории ҷашнҳои миллӣ афзоиш дода шавад.
Илова бар ин, таблиғи фарҳанги саёҳат миёни аҳолӣ ва ташаккули муносибати масъулиятнок ба муҳити зист низ масъалаи хеле муҳм арзёбӣ мегардад.
Роҳбари давлат ҳамчунин зикр намуданд, ки Тоҷикистон бояд ҳамчун як кишвари сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад. Пешвои миллат ба зарурати иштироки фаъолонаи ҷумҳурӣ дар чорабиниҳои байналмилалӣ ва таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Дар ин росто, таблиғи муваффақи Тоҷикистон ҳамчун кишвари “сабз” ва дорои иқтидори бузурги сайёҳӣ бренд нуфузи байналмилалии ҷумҳуриро ҳамчун макони ҷолиб ва бехатар барои саёҳат боло мебарад.
Ба андешаи мо, дар Паёми Пешвои миллат рушди сайёҳӣ на танҳо ҳамчун як бахши иқтисодӣ, балки ҳамчун воситаи таҳкими ҳувияти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид.
Тоҷикистон бо шароити нотакрори табиӣ, мероси бостонӣ ва сиёсати оқилонаи Президенти кишвар дорои тамоми имкониятҳо мебошад, ки ба макони ҷолиби сайёҳӣ табдил ёбад.
Амалисозии барномаҳои пешниҳодшуда ва тавсияҳои Пешвои миллат метавонад ин соҳаро ба як бахши асосии рушди иқтисоди миллӣ табдил диҳад ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд бардорад ва ҷумҳурӣ дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд.