АФЗАЛИЯТҲОИ СИЁСАТИ ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА НОИЛГАРДӢ БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АФЗАЛИЯТҲОИ СИЁСАТИ ТАНЗИМИ ЗАХИРАҲОИ ОБИИ КИШВАР АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ ВА НОИЛГАРДӢ БА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”)

    Дар ҳошияи барномаи нави рушди устувор то соли 2030 мамлакатҳои – аъзои СММ 25. 09. 2015 с. 17 ҳадаферо қабул намуданд, ки ба коҳишёбии камбизоатӣ, ҳифзи сайёра ва таъмини шукуфоӣ барои ҳама равона гардидаанд. Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки рушди устувор: таъмини дастрасии умумӣ ба сарчашмаҳои арзон, боэътимод, устувор ва муосири барқ барои ҳама қабул гардидааст.

   Тавре зимни суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” қайд намуданд: “Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Аз ин лиҳоз, мавзӯи захираҳои об, истифодаи оқилона ва устувори онҳо яке аз авлавиятҳои сиёсати давлати мо муайян гардидааст”.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои рушди устуворро фаъолона дастгирӣ намуда, ҳангоми таҳияи нақшаҳои стратегии рушди мамлакат ба онҳо такя менамояд. Ҳамин тавр, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат инҳо эътироф гардидаанд:

  а) таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки қувваи барқ;

  б) раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ва мубаддалсозии мамлакат ба кишвари транзитӣ;

  в) таъмини бехатараии озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат;

  г) саноатикунонии босуръат ва таъмини шуғли сермаҳсул.

      Ҳамзамон дар ин росто Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки: “Барномаву стратегияҳои мо дар ин самт масъалаҳои вобаста ба беҳбуди маданият ва истифодаи оқилонаву сарфакоронаи об ва ҷорӣ намудани технологияҳои нави обёриро низ дар бар мегиранд. Мо талошҳои худро барои гузаштан ба “иқтисоди сабз” дучанд карда истодаем ва захираҳои об дар расидан ба ин ҳадаф нақши калидӣ доранд. Зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикии кишвар истеҳсол мешавад. Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба 100 фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои “энергетикаи сабз” ба роҳ монем”.

    Дар ҳақиқат, таъкид кардан ба маврид аст, ки заминаи рушди воқеъии ҳар мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистонро, дар ҳама давру замонҳо иқтидори захиравӣ, ки қисмати муҳими таркибии онро иқтидори энергетикӣ ташкил медиҳад ба ҳисоб меравад. Нерӯи барқ, дар шароити тақсимоти байналмиллалии меҳнат ва махсусгардонии давлатҳо дар истеҳсоли молҳо дар арсаи ҷаҳонӣ яке аз иқтидорҳо ва омили асосии рушди кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум ва дар Осиеи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Тақрибан 52% захираҳои гидроэнергетикии минтақаи Осиеи Марказӣ ба кишвари мо тааллуқ доранд, ки дар таъмини ҳадафҳои таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки қувваи барқ ва саноатикунонии босуръат ва таъмини шуғли сермаҳсул нақши муассир мебозад.

    Масъалаи дигари муҳимро Пешвои муаззами миллат зимни суханирониашон чунин таъкид намуданд: “То соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил додани Тоҷикистон нияти дигари мо мебошад. Дар ин замина, дар баробари истифодаи пурраи нерӯи таҷдидшаванда, мо “Барномаи кабудизоркунии табиати кишварро то соли 2040” қабул намудем, ки тибқи он дар ин давра бояд зиёда аз ду миллиард ниҳол шинонида шавад.   Ҳамзамон бо ин, мо ба ҳамкории фаромарзӣ дар масъалаҳои об таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем. Дар робита ба ин, бори дигар омодагии кишвари худро барои минбаъд низ тақвият бахшидани ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва тавассути муколамаи созанда ҳал кардани масъалаҳои мубрами об иброз менамоям”

    Дар ҳақиқат тибқи таъкидҳои Пешвои муаззами миллат дар самти иҷрои ҳадафи таъмини бехатараии озуқаворӣ оғози кори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун имкон медиҳад, ки зиёда аз сесад ҳазор гектар замин дар ин минтақа обёрӣ карда шавад ва пас аз он имкониятҳои Тоҷикистон барои истеҳсол ва содироти нерӯи барқи арзон ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт.

    Ҳамзамон, бунеди ин иншооти тақдирсоз ба манфиати минтақа дар маҷмӯъ хоҳад буд, зеро кишварҳои ҳамсоя низ пас аз оғози истифодаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун метавонанд аз нерӯи барқи тоза истифода баранд, махсусан ҷумҳуриҳои ҳамсояи Афғонистон, Покистон, Узбекистон ва дигар кишварҳое, ки ба хати баландшиддати CASA-1000 пайваст шудаанд, ки дар таъмини ҳадафи раҳои аз аз бумбасти коммуникатсионӣ ва мубаддалсозии мамлакат ба кишвари транзитӣ, Барномаи рушди содирот ва Барномаи воридотивазкунанда нақши муҳим мебозад.

    Талабот ба захираҳои энергетикӣ дар дохили кишвар низ мунтазам бо назардошти афзоиши шумораи аҳолӣ ва сатҳи рушди техникӣ ба 2-2,5% зиёд хоҳад гардид. Аҳамияти стратегии иқтидори энергетикиро, ки амнияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии мамлакат ва минтақаҳои алоҳидаи онро муайян месозад, арзёбӣ намудан хеле мушкил аст. Дар ин росто, қайд намудан ҷоиз аст, ки заминаи иқтидори энергетикии Тоҷикистонро захираҳои гидроэнергетикӣ – қисмати захираҳои обии мамлакат ташкил медиҳанд, ки метавонад барои истеҳсоли қувваи барқ истифода карда шавад ва тибқи ҳисоби коршиносон айни замон ҳамагӣ 4-6%-и онҳо истифода гардида истодаанд.

  Айни замон бо мақсади азхуднамоии иқтидори гидроэнергетикӣ, солимгардии молиявии бахши электроэнергетика Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳоро оид ба беҳтарсозии муҳити сармоягузорӣ амалӣ намуда, фаъолона бо Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд, Барномаи Рушди СММ, Бонки Рушди Исломӣ, Фонди Қувейт ва дигар ниҳодҳои молиявии байналмиллалӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори электроэнергетикаи мамлакат ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ тавассути захираҳои молиявии мамлакатҳои хориҷӣ лоиҳаи НОБ «Сангтуда -1» иқтидораш 670 мвт, тариқи ҳиссагузориҳои шарикии Корпоратсияи давлатии «Росатом» – 60,13%, Ҳукумати ҶТ – 25%, ва ҶСК «ИНТЕР РАО ЕЭС» – 14,87%; лоиҳаи «Сангтуда -1» бо иқтидори 220 мвт аз ҳисоби қарзи имтиёзнок бо маблағи $180 млн, аз ҷониби мамлакати Эрон, ки мӯҳлаташ 12,5 солро дар бар гирифта, баъди он шабакаи барқи ба моликияти Тоҷикистон мегузарад, бунёд ва ба истифода дода шуданд. Лоиҳаи хатти интиқоли барқ (ХИБ-500), қисмати шимолии мамлакатро, ки аз ҷиҳати таъмини барқ азият мекашад бо қисмати ҷанубии он пайваст месозад, дорои иқтидори назарраси захираҳои гидроэнергетикӣ мебошад, ки ба коҳишёбии камбизоатии барқии ноҳияҳои шимолии мамлакат мусоидат менамояд. Сохтмони иншооти аср, яъне НОБ-ии Роғун низ ба маром идома дорад. Инчунин, чораҳо оид ба фаъолгардонии иштироки мамлакат дар татбиқи лоиҳаҳои байналмиллалӣ, ки ба амалисозии иқтидори содиротии қувваи барқи ватанӣ сафарбар гардидаанд андешида шудаанд, ки намунаи он лоиҳаи низоми нави хатти интиқоли қувваи барқ, ки CASA-1000 номгузорӣ гардидааст ба ҳисоб меравад.

   Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи электроэнергетикаи Тоҷикистон тағйиротҳои сохторӣ ва иқтисодӣ ба вуҷӯъ пайвастанд. Динамикаи афзоишёбии иқтидори мавҷудаи шабакаҳои барқӣ дар расми 1, оварда шудааст.

    Иқтидории умумии шабакаҳои барқӣ дар соли 2021 – 6476 ҳаз. кВт.с., ташкил намуда, дар муқоиса бо соли 1990, ки 4500,2 ҳаз. кВт.с. ташкил менамуд ба 43,9% зиёд гардидааст. Иқтидори шабакаҳои барқии дизелӣ ба 143,1 ҳаз. кВт.с коҳиш ёфтааст.

   Таҳлили расми 1 нишон медиҳад, ки истеҳсоли солонаи қувваи барқ дар мамлакат беш аз 20,6 млрд кВт.с., ташкил медиҳад. Таъкид намудан ба маврид аст, ки вобастагии ҷиддии истифодаи иқтидорҳои мавҷудаи НОБ аз бо об таъмин будани онҳо дар давраи зимистон вуҷуд дорад. Истеҳсоли қувваи барқ дар соли 1990 (беш аз 18 млрд кВт.с.) то 19,7–20,6 млрд кВт.с. (дар солҳои 1999 – 2021) зиёд гардид.

   Афзоиши истеҳсоли қувваи барқ дар Тоҷикистон дар соли 2021 дар муқоиса бо соли 2012 – 3,6 млрд кВт.с, ё 21,2% ташкил намуд. Динамикаи истеҳсоли қувваи барқ дар ҷадвали 1, ва шарҳи графикии он дар расми 2 оварда шудааст.

 

   Аз таҳлили ҷадвали 1 бармеояд, ки сарбории асосиро (96%) оид ба таъмини талабот бо ҷувваи барқ дар мамлакат НОБ бар дӯш доранд. То айни замон, масъалаи ноустувории мавсимии талабот дар бозори дохилии ҷувваи барқ муҳиммияти худро нигоҳ доштааст, яъне: тобистон вуҷуд надоштани талабот ба қувваи барқ дар ҳаҷми 5 млрд кВт.с, вале дар давраи тирамоҳ-зимистон бошад норасоии он дар ҳаҷми 3–3,5 млрд кВт.с, мушоҳида мешавад. Дар баробари ин, Тоҷикистон беш аз 70% талаботҳои худро аз рӯи захираҳои сӯзишворӣ аз ҳисоби воридоти маҳсулоти пурқиммат рӯйпуш менамояд.

     Сохтори истеҳсоли қувваи барқ дар мамлакат аз нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ хеле тафовут дорад. Ҳиссаи ҷувваи барқ, ки аз НОБ истеҳсол мегардад, дар ҷумҳурӣ 92–96% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли онро ташкил медиҳад, дар сурате, ки ҳиссаи қувваи барқи обӣ дар сохтори истеъмоли қувваи барқ дар ҷаҳон ҳамагӣ 2% ташкил медиҳад. Динамикаи истеҳсоли қувваи барқ, дар расми 2, оварда шудааст.

   Бо соҳиб гардидани соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон муаммоҳои ҷиддӣ оид ба дастрасии қувваи барқ вуҷуд дошт. Зимистони сарди солҳои 2007–2008 муносибатҳои минтақавиро халалдор намуд, ки ба қатъ гардидани алоқаҳои энергетикӣ миёни мамлакатҳои минтақа оварда расонид. Қатъ гардидани воридоти гази табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, дастрасии аҳолӣ ба сарчашмаҳои тавлиди қувваи барқ мураккабтар гардид.

    Истеъмоли қувваи барқ дар соли 2021 ба 13,8 млрд кВт.с (расми 3) баробар гардид, ки ба 1,5 млрд кВт.с, ё ба 11,0 % аз меъёри истеъмоли он дар соли 2012 зиёд мебошад. Дар умум дар бист соли охир дар ҳаҷми умумии сарчашмаҳои тавлидкунандаи барқи истифодашаванда ҳиссаи қувваи барқи обӣ аз 45% то 75% зиёд гардид, ки бо коҳишёбии истифодаи гази табиӣ алоқаманд мебошад.

   Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар Тоҷикистон тағйиротҳои ҷиддӣ дар сохтори (расми 3) истеъмоли қувваи барқ ба назар мерасанд.

   Ҳаҷми истеъмоли қувваи барқ аз ҳисоби соҳаи саноат дар соли 2021 – 3,9 млрд кВт.с, ташкил намуд, ки ду маротиба аз нишондиҳандаи соли 2012 зиёд мебошад. Агар дар соли 2012 вазни қиёсии истеъмоли қувваи барқ аз ҳисоби соҳаи саноат 44,6% ташкил намуда боша, он гоҳ ин нишондиҳанда дар соли 2021 то 28,2% коҳиш ёфт.

   Яке аз сабабҳои коҳишёбии он камшавии истеъмоли қувваи барқ аз ҷониби ширкати алюминии «ТАЛКО» ба ҳисоб меравад. Вазни қиёсии назаррасро дар сохтори истеъмоли қувваи барқ дар соли 2021 аҳолӣ ташкил намуд. Вазни қиёсии истеъмоли қувваи барқ аз ҷониби аҳолӣ дар давраи баррасишаванда аз 19,4% то 39,1 % афзоиш ёфт.

   Тавре аз расми 4 бармеояд, саҳми барқ дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ назаррас буда, барои таъмини тамоми ҳадафҳои стратегии кишвар мавқеъи калидӣ дорад.

   Айни замон аз рӯйи воридот ва содироти қувваи барқ Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя Қирғизистон, Узбекистон ва Афғонистан ба роҳ мондааст. Вале чи тавре, ки аз маълумотҳои ҷадвали 2, мушоҳида мешавад, Тоҷикистон ба таври назаррас дар давраи баррасишаванда ҳаҷми содиротро афзоиш ва воридоти қувваи барқро коҳиш додааст.

  Дар давраи таҳлилшаванда воридоти қувваи барқ ба 88,3 маротиба коҳиш ёфта, содирот бошад ба 4,7 маротиба зиёд гардидааст. Бо ифодаи пулӣ дар соли 2021 содироти ҷувваи барқ $101,0 млн, ва воридот бошад $13,6 млн ташкил намудааст. Яке аз сабабҳои коҳишёбии содироти қувваи барқ баромади мамлакати Узбекистон аз Низоми муттаҳидгардидаи барқии Осиёи Марказӣ буда (баъдан он дуюмбора ба ин низом ворид гардид), инчунин муаммоҳои техникӣ дар объектҳои барқии мамлакати Афғонистон низ боис гардиданд.

  Қобили зикр ва ёдоварист, ки имконияти сар задани муноқишаҳои нафтӣ ва ашёӣ аз сабаби дастрасӣ ба захираҳои маҳдуд ва дастнораси захираҳои энергетикӣ муҳиммияти махсуси рушди энергетикаи сабз, баланд бардоштани истифодаи самараноки иқтидори энергетикии азхудшударо дар тамоми мамлакатҳо тақозо менамояд. Воқеъа ва рӯйдодҳои тайи солҳои охир ба миён омада аллакай аз оғози ғасби доманадори иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои алоҳида дар минтақаҳои зиёди ҷаҳон, ки дорои захираҳои ғании табиӣ, аз ҷумла энергетикӣ мебошанд дарак медиҳанд. Тамоюлҳои муосир дар бозори ҷаҳонии энергетикӣ зарурияти объективии таҳияи чунин стратегияи рушди энергетикии Тоҷикистонро пешбинӣ месозанд, ки ба аз худ намоӣ ва истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии худӣ сафарбар гардидааст.

    Дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузург барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, сарфи назар аз мушкилоти молиявию иқтисодӣ, ба сохтмони бузургтарин иншооти аср-Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳаёти осоиштаи мардум, рушди Тоҷикистони азизамон мебошад, шурӯъ намуданд.

   Неругоҳи барқии обӣ (НБО)-и Роғун дар дарёи Вахш сохта шуда, он як қисми силсиланеругоҳҳои Вахш аст ва бо иқтидори муқарраршудааш 3600 МВт яке аз бузургтарин НБО дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад (таъкид намудан ба маврид аст, ки айни ҳол дар рудхонаи Вахш якчанд НБО ба монанди Норак, Сангтуда-1, Сангтуда-2, Бойғозӣ низ амал ме-намоянд). Мувофиқи нақша дар бинои неругоҳи Роғун шаш агрегати бо иқтидори 600 МВт бо турбинаҳои радиалӣ-меҳвар насб карда шуда, истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқ дар НБО-и Роғун солона бештар аз 17,0 миллиард кВт/соатро ташкил хоҳад дод. Чи тавре, ки маълум аст тадқиқоти лоиҳаи НБО-и “Роғун” ҳанӯз аз соли 1963 сарчашма гирифта, корҳои сохтмонӣ солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта оғоз гардида буд.

   Қобили зикр аст, ки оғози сохтмони Неругоҳи барқии обӣ (НБО)-и Роғун дар давраи соҳибистиқлолӣ, ки мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ ва хисоротҳои зиёди молиявиро паси сар намуда буд, кори саҳлу осон набуд. Маҳз бо кӯшишҳои қавӣ ва азми устувори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои мураккабе, ки мо маблағгузории иншоот, истодагарӣ намудан дар радифи эътирозҳои мамлакатҳои ҳамсоя ва пайгирӣ намудани дипломатияи оқилонаи энергетикӣ ва таҳрезӣ намудани сиёсати хирадмандона дар самти татбиқи сиёсати манфиатҳои миллии энергетикӣ ҳалли худро пайдо намуданд.

   Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор қабул карда шуд, ки маблағгузории лоиҳаи иншооти аср, яъне (НБО)-и Роғун бояд тариқи маблағҳои ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шавад, инчунин баҳри аз миён бардоштани ҳаросу таҳлукаи мамлакатҳои ҳамсоя асосноккунии техникию иқтисодӣ (TE-AS) ва арзёбии таъсири муҳити зист ва иҷтимоӣ (АТЭИ) соли 2011 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ бо иштироки ширкатҳои байналмилалӣ ва ду гурӯҳи коршиносони мустақил – оид ба муҳандисӣ ва бехатарии сарбанд ва арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва экологӣ оғоз гардида, бехтарӣ ва манфиатнок будани сохтмони (НБО)-и Роғун дар мамлакат ва сатҳи минтақа исбот карда шуд.

    Дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва саҳифаҳои рушди соҳаи энергетикаи мамлакат санаҳои 16.11.2018 ва 9.09.2019 ҳамчун санаҳои таърихӣ арзёбӣ мегарданд, чунки маҳз дар рӯзҳои ишора гардида агрегати якум ва дуюми гидроэнергетикии НБО-и «Роғун» бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ, бинокорон ва намояндагони тамоми минтақаҳои кишвар ба истифода дода шуд.

    Иқтидори марҳилаи аввал дар солҳои 2018-2019 240 МВт буда, истеҳсоли миёнаи солона 1,6 миллиард кВт/со-атро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ-васлкунӣ дар НБО-и Роғун бо ҷалби 70 ташкилоту муассиса, пудратчиёни маъруфи ватанию хориҷӣ, 22 ҳазор мутахассисон ва коргарон, ки бештар аз 90%-и онҳоро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ба сомон расонида шуданд (хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар ин неругоҳ 14786 мутахассисон ва коргарон банд мебошанд).

   Таҷриба нишон медиҳад, ки истеҳсоли қувваи барқ (яъне арзиши аслии он) аз ҳисоби захираҳои обӣ на он қадар гарон ба даст меояд (он тақрибан дар ҳаҷми 0,4 сент, барои як кВт/соат муйян гарди-дааст), ки ин омил ба фурӯш ва истифодаи он аз тарафи истеъмолкунан-дагон қулай ва дастрас мебошад. Бинобар ин, ҳатто аз рӯйи нархи 1,0 сент барои як кВт/соат коркарди 17 млрд. кВт/соати имрӯзаи қувваи барқ даромади умумии солонаи он зиёда аз $100 млн. мешавад ва минбаъд дар сурати болоравии нарх барои истифодаи қувваи барқ мунтазам меафзояд. Дар натиҷа имконияти мусоид ба амал меояд, ки рушди минбаъдаи соҳаи энергетикиро аз ҳисоби воситаҳои худӣ (масалан, барои сохтмони марҳилаи аввали навбати якуми НБО-и Роғун $420 млн. ва барои барта-мом сохтани он $3,4 млрд. маблағгузорӣ зарур ҳаст) таъмин намоем ва ба ғайр аз он буҷети давлатӣ аз ҳисоби андоз хеле ғанӣ мегардад. Барои ба ин натиҷа боварӣ ҳосил намудан, мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки рушди ояндаи неругоҳро дар шакли ҷадвал пешниҳод намоем (ҷадвали 3).

   Далелу рақамҳои дар ҷадвал овардашуда, нишон медиҳанд, ки дар ҳолати такрористеҳсолкунии оддӣ, яъне набудани сохтмони НБО-и нав нархи як сент барои як кВт/соат фоидаи шабакаи энергетикиро ба $756 млн. ва андозро ба $504 млн. мерасонад, ки дар натиҷа даромади умумии ин соҳа ба $1,260 млн. баробар мешавад. Мувофиқи нишондиҳандаҳо, оянда дар сурати истифодаи самараноки энергия бо нархи 2,0 сент барои 1 квт соат фоида $200 миллионро дар як сол ташкил медиҳад. Ҳангоми ду маротиба зиёд намудани истеҳсоли энергияи барқӣ аз ҳисоби сохтмони неругоҳҳои барқии Роғун даромад (фоида) то $400 млн. дар як сол ва ҳангоми то 3 сент зиёд гардидани нарх (тариф), фоидаи соф то $700 млн. дар 1 сол хоҳад расид, ки имконият пайдо мешавад, ки НБО-и Роғун пурра аз ҳисоби маблағҳои худӣ бунёд гардад (1 сент = 10,90 дирам).

    Сохтмон ва ба истифодадиҳии пурраи НОБ- Роғун метавонад таъсирии мусбии худро дар баланд бардоштани истифодаи самараноки иқтидори гидроэнергетикии кишвар гузорад. Таҳлили самаранокии истифодаи ҳаҷми обанбори калонтарин дар мамлакат, яъне НОБ-ии Норак нишон дод, ки дар давраи солҳои 1972-2001 ҳаҷми пурраи он дар муқоиса бо давраи ибтидоии ба истифода додани он [10,5 млрд. м3 ] бо сабаби лоиқашавӣ ба 18,6%, коҳиш ёфта дар натиҷа 7,9 млрд. м3 ташкил намуд. Дар соли 2009 ҳаҷми пурмаҳсули обанбор 4,324 млрд. м3 ташкил намуд. Таҳқиқотҳои охироне, ки аз ҷониби ширкати HR Wallingford LTD дар соли 2015 гузаронида шуданд нишон доданд, ки ҳаҷми истифоданашавандаи (мертвый) обанбор 3,09 млрд. м3 ташкил медиҳад, ки баробар ба коҳишёбии истеҳсоли қувваи барқ дар ҳаҷми 1,78 млрд. кВт.с мебошад. Коэффитсиенти истифодаи иқтидори гидроэнергетикии мамлакат ҳангоми бартараф сохтани партовҳои холӣ ва талафоти ҳаҷми пурмаҳсули обанбори НОБ-и Норак 5,1 % ташкил хоҳад намуд, ки имконияти истеҳсолаи солонаи қувваи барқро тақрибан ба 10 млрд. кВт.с таъмин менамояд. Аз ин рӯ, анҷоми пурраи сохтмони НОБ –ии Роғун бо истеҳсоли солонаи 5,6 млрд. кВт.с. имконияти муфидеро барои қатъ намудани раванди лоиқашавии (заиления) обанбори Норак ва дигар НОБ-ии каскади дарёи Вахшро фароҳам меорад. Дар баробари ин коэффитсиенти истифодаи иқтидори гидроэнергетикии мамлакат ба 1,06% зиёд гардида, 4,30% ташкил хоҳад намуд.

   Қайд кардан зарур аст, ки дар давраи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ ва бахусус баъди қабули СМРТ барои давраи то соли 2030 бо афзоиши нишондиҳандаҳои соҳаи энергетика рушди соҳаи саноат низ мушоҳида гардидааст, ки дар ҷадвали зерин айён аст.

   Ҳамзамон барои асоснокнамоии таъсири рушди энергетика дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ, ҳадафҳои рушди устувор ва стратегии кишвар мо чунин таҳлили коррелятсионӣ ва регрессионӣ мегузаронем.

    Натиҷаҳои ҷадвали 5 нишон медиҳанд, ки дар байни бештари нишондиҳандаҳои таҳлилшуда алоқамандии зич мавҷуд аст. Аммо агар сатҳи ниҳоии алокамандиро баробар ба 0,75 гирем, пас маълум мешавад, ки нишондиҳандаҳои «Истеъмоли қувваи барқ» ва «Хароҷотҳои буҷети давлатӣ ба соҳаи энергетика» алоқамандии начандон зич доранд.

   Нишондиҳандаи «Сармоягузорӣ ба соҳаи саноат» нисбат ба ММД алокамандии наздик ба зич (умеренный) дошта, нисбат ба нишондиҳандаи «Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ» алоқамандиаш паст (0,720267) мебошад. Ҳамин тавр дар идомаи таҳлил мо нишондиҳандаҳои «Истеъмоли қувваи барқ (аз ҷумла дар саноат)»-ро аз моделсозӣ хориҷ мекунем. Аммо аз сабабе, ки нишондиҳандаи «Хароҷотҳои буҷети давлатӣ ба соҳаи энергетика» бо нишондиҳандаҳои сармоягузориҳо ба соҳаи саноат ва энергетика алоқаманди зич дорад (аз 0,9 калон) онро дар моделсозӣ боқӣ мемонем ва таҳлили регрессониро амалӣ мекунем.

  Нишондиҳандаҳои тавсифии таҳлили регрессионӣ (коэффитсиентҳои регрессия, коррелятсия ва детерминатсия) ҳама аз 0,95 калон буда, ба эътимоднокии омории нишондиҳанда ва сифати баланди модел ишора мекунанд. Ҳамин тавр моделсозии мазкур эътимоднок буда, муодилаи регрессия чунин мебошад:

   У=32715,26+2,231613Х1-0,46945Х2+1,336448Х3-46,3491Х4+ 117,9679Х5-0,09289Х6

   Муодилаи регрессияро истифода намуда, чунин намуди нишондиҳандаҳои пешгӯишударо дар ҷадвали 6 ҷойгир менамоем.

   Тавре, ки аз нишондиҳандаҳои дурнамои ҷадвал бармеояд, дар ҳолати зиёд гардидани сармоягӯзорӣ ба рушди соҳаи энергетика ҳаҷми ММД ба 55% ҳаҷми ММС ба 57% содироти қувваи барқ ба 58% зиёд мегардад, ки дар таъмини ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар саҳми сазовор мегузорад.

   Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи энергетикаи кишвар консепсияи нав таҳия карда шуд, ки натиҷаи татбиқи он чунин нишон дода шуд.

    Рушди нерӯи барқ тибқи консепсияи 10/10/10/10 таъмин карда мешавад, аз ҷумла:

  1) иқтидори лоиҳавии системаи энергетикии кишвар ба 10 гВт расонида мешавад;

  2) содироти солонаи нерӯи барқ ба кишварҳои минтақа ба 10 млрд кВт/соат расонида мешавад;

  3) диверсификатсияи иқтидорҳои системаи энергетикии ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиши иқтидори дигар манбаъҳои энергия, аз ҷумла ангишт, нафт ва газ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар ҳаҷми на камтар аз 10% таъмин карда мешавад;

  4) талафоти нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ то 10% кам карда мешавад.

   Дар маҷмӯъ, мо метавонем хулоса барорем, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи энергетикаи кишвар дар давраи Истиқлолияти давлатӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардида, дар ояндаи наздик сохтмони як қатор нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишвар идома хоҳад ёфт. Дастовардҳои асосии соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:

  – табдил додани Тоҷикистон ба як кишвари ягона, яъне ташкили системаи ягонаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

   – навсозии иқтидорҳои мавҷудаи кишвар;

   – сохтмони маркази энергетикӣ ва гармидиҳии “Душанбе 2”;

   – татбиқи иқтидори бузурги кишвар Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун;

   – раванди сохтмони хати баландшиддати CASA-1000.

  Иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 млрд кВт/соатро ташкил медиҳад, ки ин аз талаботи кунунии кишварҳои Осиеи марказӣ 3 маротиба зиед аст. Яъне дар ҳолати истифодаи пурраи иқтидорҳои энергетикии кишвар Тоҷикистон имконият дорад, талаботи кишварҳои Осиёи марказӣ ва дигар кишварҳои минтақаҳои ба мо наздикро бо барқ таъмин намояд. Ҳар сол аз Нерӯгоҳи барқи обии кишвар тақрибан 30-35 км3 об мегузарад, 19-20 млрд кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, ки ба 3-6% иқтидори умумӣ баробар аст. Яъне 94%-и захираҳои гидроэнергетикии кишвар то ҳол истифода нагардида истодаанд, ки метавонанд барои рушди тамоми нишондиҳандаҳои иқтисоди миллии кишвар мусоидат намоянд. Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки мамлакати мо ба зудӣ ба яке аз бузургтарин содиркунандагони нерӯи барқи устувор табдил хоҳад ёфт, ва ин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад ва барои рушду инкишофи ҳаҷми ММД на 2-3,5 баробари нишондиҳандаҳои СМРТ барои давраи то соли 2030, балки то 4-5 маротиба вобаста ба кор андохтани иқтидорҳои истифоданашуда имконпазир аст.

   

 

 

 

 

 

 

 

Иброҳимзода И.Р. – д.и.и., профессор, Директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *