Вазири пешини мудифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд бо як сарбозаш қисса мекунад, ки бори аввал бо Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдам эҳсос кардам, ки аз ман ҳам марди ватандӯст ва фидоӣ будааст. Эмомалӣ Раҳмон-ғурури тоҷикӣ ва бономустарин тоҷик мебошад, чунки барои миллату давлат ҷони худро дареғ надошт, мухолифонро бегона нашуморид, ба онҳо пешниҳод кард, ки мо тоҷикем ва бо тоҷик буданамон бояд фахр кунем, биёед сулҳ ва ваҳдатро поя гузорем.
Вақте бо ман вохӯрӣ намуд, фақат як сухан мегуфт: “Мову Шумо тоҷик ҳастем ва ҳамчун бародар аз як миллат мебошем, биё дасти якдигаро гирифта ба Тоҷикистону Афғонистон сулҳу ваҳдатро поя мегузоем”. Вақте бо ӯ суҳбат мекардам эҳсосам ин буд, ки боз як бародари ҷонӣ дар барам шуд ва бисёр хурсанд мешудам, ғурури аҷдодиямро бедор кард ва иқдом гирифтам, ки барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузорам.
Бо хости Худои меҳрубон ман бо Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо якдигар рӯз аз рӯз наздиктар ва бародари самимӣ шудем. Он замон баъзе аз кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳон яке паси дигаре ин гурӯҳрои мухолифонро ёрӣ медоданд. Ҳар замоне Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд дар мавзуъҳои сиёсӣ бо табодули назар мекард, ҳадафашон ягона буд: аз нобудӣ эмин доштани тоҷикон.
Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд, ки вақте бо Пешвои тоҷикон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вохӯрӣ намудам, хулоса баровардам, ки аз ин пас бо душман бо роҳи гуфтушинид ба монанди Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон корҳоро анҷом медиҳам, вале душманони ман намехоҳанд бо тариқи гуфтушинид дар Афғонистон сулҳу ваҳдат шавад, ҳоло ки душманони ман ҳам мусулмон ҳастанд, ба онҳо бо садои баланд мегуфтам, ки мусулмониро аз Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омӯзед, зеро дар дини мубини Ислом куштор, хунрезӣ нест, дини Ислом – дини сулҳу ваҳдат ва оромӣ дар ҷомеъа мебошад.
Вақте Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 ба Федератсияи Русия рафта Созишномаи истиқрори сулҳу ваҳдати миилиро имзо кард, бо ман тамос гирифт ва гуфт “Дӯсти азизам, бародари ҷониям, ёри вафодорам ман имзои истиқрори сулҳу ваҳтадро ба имзо расонидам”.
Шодии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳаду канор надошт, мерақсиду шодӣ мекард бо миллати хеш, боз ба тамоми мухолифони худ садо кардам биёед, аз Сарвари кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирем, ба давлати худ сулҳу оромӣ бахшем, аммо ин бединҳо маро гӯш накарданд.
Сарвари кишвари тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон бо як баёнияи мардона, ки лаёқати ҳар тоҷики асил аст, дунёро ларзонд. Оре, ин аст ғуруру шукӯҳи тоҷикон! Бояд ҳамаи тоҷикони ҷаҳон бо Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ифтихор кунанд.
Бовари комил дорам, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои амнтарин мубадал мегардонад ва дуо мекунам, ки Худованди меҳрумон дӯсти азизи маро ба ҳамаи қуллаҳои баланд расонад, бигзор сулҳу ваҳдат поянда бошад дар давлати Тоҷикистон, ва дар корҳояш мувафақият атто намо.
Сарбоз ба Аҳмадшоҳи Масъуд суол медиҳад, ки ин қадар дуои нек барои чӣ дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари Тоҷикистон кардӣ. Аҳмадшоҳи Масъуд мегӯяд: “Ман дар зиндагӣ дустҳои зиёде дорам, аммо Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ман ёри бовафо ва дӯсти наздик мебошад”. Аҳмадшоҳи Масъуд ашки чашмонаш мерезаду мегуяд: “Худованди меҳрубон дар Афғонистон тинҷӣ ва сулҳу ваҳдатро пойдор намояд”.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 2 сентябри соли 2021, №248 (181) ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд барои мусоидат ва миёнҷигарӣ ба баргузории музокироти байни тоҷикон дар солҳои 1993-1996 ва саҳми бузург дар раванди истиқрори сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Дӯстии ду абармарди сиёсат Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ва Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд воқеан, сабақест, ки таърих чунин корнамоиро кам ёд дорад. Бинобар ин, мо ҷавононро мебояд аз ин сабақ омӯзем ва барои шукуфоии Ватани азизамон кӯшиш намоем, зеро ин абармардон ҳамаи заминаҳои мусоидро фароҳам овардаанд.
Омузгори ДБССТ Тоиров Маҳмасидиқ Идибекович