Санаи 20. 02. 2025 тибқи нақша-чорабиниҳо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар пояи кафедраҳои забон ва фарҳанг ва забони русӣ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ баргузор гардид, ки дар он олимону муққиқон ва омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд .
Конфронс бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Ҷабборов Фатҳулло оғоз гашт.
Номбурда иштирокчиёни конфронсро аз номи роҳбарияти донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ табрик намуда, гузаронидани чунин ҳамоишҳои илмию амалиро барои рушди забони модарӣ ва саҳми он дар пешбурди сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд .
Дар конфронс намояндаи ҳамгироии русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Дюдко Любов Николаевна, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия- Амлоев Аминҷон, профессори кафедраи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав – Юсупова Заррина, маърузаи пурмуҳтаво намуданд .
Дар интиҳо ташаббускорон ва маърузачиёни конфронс бо сипосномаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.