БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ II ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РАВАНДҲОИ МУОСИРИ МОЛИЯВӢ–ҚАРЗӢ: МУШКИЛОТ ВА ДУРНАМО» (БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МОЛИЯ ВА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО)

Санаи 7 декабри соли 2024 бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти молия ва Рӯзи байналмилалии бонкҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Конфронси II илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Равандҳои муосири молиявӣ–қарзӣ: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид.
Кори конфронс ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳусни оғоз бахшида, сипас муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Луфия Суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар кори конфронс муовини раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” Ризвонзода Фирдавс Зикр дар мавзӯи “Технологияҳои пардохт, системаҳо ва воситаҳо дар ташаккули муносибатҳои молиявӣ”, н.и.и., дотсент, сардори шуъбаи таҳлил ва ҷалби маблағгузории ФҚХ “Фонди бозтамвил” Ҷураев Беҳзод Машрафович дар мавзӯи “Хавфҳо дар низоми қарздиҳии истеъмолӣ ва зарурати батанзимдарории он”, н.и.и., дотсент сардори раёсати такмили қонунгузории андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазирзода Собир дар мавзӯи “Такмили қонунгузорӣ, рақамикунонӣ ва маъмурикунонии андоз”, иқтисодчии калони бахши қарзию сармоягузории ҶСК “Ориёнбонк” Пиримзод Б. маърӯзаҳо намуданд.
Дар охири конфронс меҳмонон ва омӯзгорони фаъоли ДБССТ бо мукофотҳои пуливу молӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *