ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЙДЕВОРӢ МИЛЛАТ

   Ҷашни Ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПОЙДЕВОРӢ МИЛЛАТ
   Ваҳдат, фаҳмиш ва мазмуни басо ҳам васеъ дошта, бо Истиқлолият ва озодӣ, ҳамбастагии ногусастанӣ дорад. Баробари шунидани вожаи Ваҳдат, мусаллам аст, ки пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меояд.
   Халқи тоҷик, аз давраҳои қадим бо пешвоиву пешсафӣ, давлатдорю давлатсозӣ ва бузургию салтанати хеш баҳри ба даст овардани мустақилият, эъмори давлати соҳибихтиёри худ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ чи ҷоннисориҳо кардаву муборизаҳои беамоне бурда то имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ном баровардааст.
    Таърих гувоҳ аст, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳаёти мардуми тоҷик ба марҳилаи нав қадам гузошт. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст.
   Сулҳ аз фалак ба дида бедор кардаем,
   Рӯ дар сафою пушт ба зангор кардаем.
     (Соиб)
  Орзую ормони халқи тоҷик, пас аз пош хурдани ИҶШС, ин ташкил намудани давлати мустақил ва соҳибистиқлол буд. Аммо ҳамаи ин хурсандиву фараҳ дер давом накард ва боз ҳам бо мусоидати душманон миллати тоҷик дар давлати навбунёди худ ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуд. Таъсири қувваҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ боиси сар задани ҷангӣ бародаркӯш ва марги ҳазорҳо тан мардуми ватандӯст, инчунин хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ гашта, мамлакатро ба қонуншиканию бесарусомониҳо оварда расонид.
   Санаи 8-уми декабри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои гирифтан пеши роҳи нооромиҳои дар кишвар баамаломада, қадами аввалини худро гузошта ба халқи тоҷик чунин муроҷиат намуданд. “Падарону модарон, хоҳарону додарон! Халқи мо, имрӯз душвортарин ва фоҷианоктарин давраи таърихиро аз сар гузаронда истодааст.
    Ҳақиқат талх аст, вале мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян сабабгори фоҷиаи миллату давлати мо шуда истодаанд. Мо, ки ворисони Рӯдакию Сино, Сомонӣ, Ҳофизу Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров ҳастем, бо ақлу заковати хеш бояд бо сабру таҳаммул бошем ва нагузорем, ки фарзанд ё бародари мо даст ба ҷиноят занад”.
   Дар ҳақиқат таърих гувоҳ ҳаст, ки Сарвари давлат ҷони худро дар хатар гузошта, барои баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ҳамватанонамонро бовар мекунонид, ки ба Ватан баргарданд. Дар ҳамон давра касе аз зинда мондан ва ба чунин комёбиҳо расиданро ҳатто тасавур ҳам намекард.
    Маҳз бо хоҳиш ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлати тоҷикон музокироти сулҳи тоҷикон шурӯъ шуд. Пешвои миллат, Президаенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳояш бо мухолифон такрор ба такрор мегуфтанд, ки “…агар мо ба сари мақсад наоем, миллат нест мешавад, Тоҷикистон ба порчаҳо тақсим мешавад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд…”.
   16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Мардуми шарафманди тоҷик тақдири ояндаи худ ва давлатро ба фарзанди фарзонаи миллат –муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бовар намуда, баҳри ноил шудан ба сулҳу оромӣ аз як гиребон сар бароварданд.
    Хушбахтона, дар ниҳояти кор гуфтушунидҳо бо мухолифон дар Афғонистон, Эрон, Русия, Покистон натиҷаи дилхоҳ доданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Маҳз сиёсати оқилона, дурнадешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат боис шуд, ки моҷароҷуӣ ва нофаҳмоиҳо дар кишварамон хомӯш гардида, суботу амният ва сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ фазои кишварро фаро гирад.
   Лозим ба ёдоварист , ки имрӯзҳо иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гардидааст.
    Бинобар ин, Ваҳдати миллӣ барои мо арзиши бисёр муқаддасу азиз буда, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон маҳсуб меёбад.
    Аз ин лиҳоз вазифаи ҳар яки мо шахсони худшиносу худогоҳ, ватандӯсту миллатпарвар аз он иборат мебошад, ки Ваҳдати миллиро чун гаҳвараки чашм эҳтиёт намоем.
   Ин чунин мо ҷавонон бояд пароканда набошем, мо ҷавонон баяд худамон дастаҷамъона саъю кӯшиш ба харҷ диҳему нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе бо нияти нопок пояшро ба ин Меҳан гузорад.
Дар ин бора шоири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ бисёр бомаврид қайд намудааст:
   Пароканда лашкар наояд ба кор,
   Дусад марди ҷангӣ беш аз сад ҳазор.
   Мо ҷавонон ана ҳамон дусад марди бо нангу бо номус мешавем ва бо азму иродаи қавӣ якҷону яктан барои боз ҳам ободу зеба гаштани ин сарзамини аҷдодиамон Тоҷикистони соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбанёд, дунявӣ ва ягона саъю кушиш менамоем ва номи Тоҷикистонро боз ҳам дар арсаи ҷаҳонӣ бо пирӯзиҳои бештар маъруфтар мегардонем.
   Абдиев Ҷамшед Хуршедович- омӯзгори калони кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *