ВЕБИНАР БАРОИ ОЛИМОН ВА МУҲАҚҚИҚОНИ ҶАВОНИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

   4 июни соли 2024 бо ташаббуси кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон вебинар дар мавзӯи “Механизмҳо ва воситаҳои идоракунии рушди минтақа” барои олимону муҳаққиқони ҷавон гузаронида шуд.
  Кори вебинарро сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ Садриддинов М.И. ва профессори кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ Ҷурабоев Ғ.Ҷ. оғоз намуданд.
   Дар вебинари мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал Власова Н.Ю. маърӯза намуда, ба ҳозирин доир ба механизмҳо ва воситаҳои муосири идоракунии рушди минтақа маълумот дод.
  Дар вебинар масоили мубрами банақшагирии стратегии рушди минтақа, идоракунии захираҳо ва сармоягузориҳо, инчунин шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар самти рушди иқтисоди минтақавӣ баррасӣ шуда, дар интиҳо музокираҳо доир гардиданд.
   Маврид ба зикр аст, ки баргузории чунин вебинарҳо дар самти табодули андеша ва татбиқи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар рушди иқтисоди минтақавӣ нақши муассир дорад.
   Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *