Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва шоҳигарии Таиланд омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт.
Ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иборат аз 8 нафар, ки дар доираи иштирок дар курси такмили ихтисос дар Донишгоҳи Ситии Малайзия қарор доранд, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва шоҳигарии Таиланд муҳтарам Ардашер Қодирӣ онҳоро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот бо омӯзгорони Донишгоҳ, муҳтарам Ардашер Қодирӣ аз иқдомоту ташаббусҳои роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳкими робитаҳои байналмилалӣ изҳори хушнудӣ намуда, амали мазкурро василаи хубӣ шарафёб гардидан ба сатҳи сифати баланди омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талоботи бозори меҳнати ватанӣ ва байналмилалӣ унвон кард.
Ҳамзамон, зимни мулоқоти дуҷонибаи муовини аввали ректори Донишгоҳ дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович ва Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва шоҳигарии Таиланд муҳтарам Ардашер Қодирӣ масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Малайзия дар самти ташкили табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, даъвати профессорони ҷонибҳо барои тадрис, амалисозии таҳқиқоти илмӣ ва чорабиниҳои илмии муштарак ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар интиҳои вохӯрӣ, омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия ва шоҳигарии Таиланд ва кормандони Сафорат аксҳои хотиравӣ гирифтанд.
Куала-Лумпур, 19.12.2024