ГУШАИ НАВРӮЗИИ ДОНИШГОҲ – МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

20 марти соли 2025 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.
Донишгоҳ дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ гӯшаи Наврӯзии худро ташкил намуда, анъанаҳои миллиро муаррифӣ намуд. Гӯшаи донишгоҳ бо анъанаҳои хоси Наврӯз, аз ҷумла дaстурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикӣ, суманакпазӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ оро ёфта буд.
Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯён бо меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таъриху суннатҳои Наврӯз, нақши он дар рушди фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин таъсири ҷашн ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ табодули назар намуданд.
Иштироки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин чорабинӣ на танҳо барои тарғиби анъанаҳои миллӣ, балки барои муаррифии имкониятҳои донишгоҳ дар самти рушди сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва соҳибкорӣ саҳми арзанда гузошт.
ш. Душанбе, н. Фирдавсӣ, 20.03.2025

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *