25 октябри соли 2024 дар Донишгоҳи Айдини Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи Ассемблеяи генералии Иттиҳоди Донишгоҳҳои Авруосиё баргузор гардид, ки намояндагони Донишгоҳ Зоирзода И.С. муовини ректор оид ба илм ва инноватсия ва омӯзгори Донишгоҳ Муштарӣ Ф. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи нишасти мазкур сессияҳои шабакавӣ, вохӯрӣ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ доир гардида, ҳамкориҳо дар доираи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.