Дар доираи иҷрои Нақшаи кори раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 21 сентябри соли ҷорӣ вохӯрии устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир дар мавзуи “Нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва терористӣ” баргузор гардид.
Вохӯриро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Гулрӯ Қаландарзода ифтитоҳ бахшида, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (01.09.2024) дар баробари таҳлилу баррасии вазъи соҳаи маориф, инчунин аз ҳамроҳ шудани ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои экстремистиву терористӣ изҳори таассуф намуда, дар ҳалли ин мушкилот нақши омӯзгоронро дар мавриди баланд бардоштани сифати таълиму тарбия муҳим арзёбӣ карданд.
Бинобар ин, Сарвари давлат ба омӯзгорон, падару модарон, хонандагону донишҷӯён муроҷиат карда, таъкид доштанд, ки мо бояд корҳоро тавре ба роҳ монем, ки фарзандонамон оянда дар зиндагӣ муҳтоҷу саргардон нашаванд, фирефтаи ақидаҳои харобкорона ва ваъдаҳои дурӯғу ғаразноки гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ нагарданд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, плковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Сайдамир оид ба хатару ҳадафҳои нопоки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ баромад карда, афзуд, ки яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам паҳн шудааст, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд.
Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад.
Дар идома Сафарзода Ҳаёт Сайдамир ҳамчунин, аз бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо бо мақсади аз нав тақсим кардани ҷаҳон сухан карда, бо факту далелҳо воқеаҳои хусусияти экстремистиву терористидоштаро шарҳу тавзеҳ бахшид ва дар ҳалли ин мушкилиҳо тарбияи дурусти ватандӯстию хештаншиносӣ, омӯхтани илму дониш, техникаю технологияи муосир, аз худ намудани касбу ҳунар ва содиқона ба Ватану миллат хизмат карданро муҳим арзёбӣ кард.
Раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ
ва робита бо ҷемеаи ДБССТ