ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ДӮЗАНДАГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ҶАШНИ САДА БО ШУКӮҲУ ШАҲОМАТИ ХОС ТАҶЛИЛ ГАРДИД

29 январи соли 2025 дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият мекунад, ҷашни Сада бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони раёсати Донишгоҳ, институтҳои илмию таҳқиқотии назди Донишгоҳ ва омӯзгорону хонандагони Литсей иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи директори Литсей Асозода Лола Соҳибназар ҳозиринро бо ин рӯзи фархунда табрик гуфта, таъкид намуд, ки ҷашни Сада ҳамчун яке аз меросҳои фарҳангии миллати тоҷик аҳамияти хосса дошта, паёми гармӣ, рӯшноӣ ва меҳру муҳаббатро ба инсонҳо мерасонад.
Инчунин, муовини аввали ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович низ аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳозиринро ба ҷашни пурифтихори Сада табрику таҳният намуд.
Барномаи ҷашнӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти дастии хонандагони Литсей ва рақсу таронаҳои миллӣ рангин гардид. Ҳозирин инчунин шоҳиди баргузории маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва муаррифии таъриху суннатҳои ҷашни Сада шуданд.
Ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба анъанаҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанг ва густариши ҳунарҳои мардумӣ нақши муҳим доранд.
Маркази матбуоти Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *