ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД: ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД:
ҲАМОИШИ ИЛМӢ ДАР ҲОШИЯИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
    26 июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии тарбиявӣ-сиёсӣ бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ бо иштироки роҳбарият, профессорону донишмандон ва коллективи бисёрнафараи донишгоҳ баргузор гардид.
    Пас аз садо додани Сурурди миллӣ, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳозиринро ба ин санаи муҳимми таърихӣ шодбош гуфта, қайд намуданд, ки барои тамоми халқу миллатҳо сулҳу ваҳдат вожаҳои писандида ва яке аз ҳадафҳои асосии талошҳо дар зиндагониашон маҳсуб меёбад.
    Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳараки бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
    Қайд гардид, ки имрӯзҳо бо талошу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, ҷаҳду талошҳои созандаи мардум дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба назар мерасанд. Ҳамасола садҳо иншооти бузурги саноатӣ, энергетикӣ, мактабу дармонгоҳҳо, шоҳроҳҳои замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд. Албатта, ҳамаи ин дар заминаи суботу истиқлолияти комил ба даст меоянд.
   Сипас, профессори донишгоҳ Ҷононов Саидамир зимни баромади хеш қайд намуд, ки бо шарофати ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ, ҳамчун ҳуҷҷати такдирсоз тавонистаем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба мархалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми Тоҷикистон шароит фарохам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.
   Дар охири ҳамоиш андешаҳои судманди иштирокдорон вобаста ба мақому манзалати Ваҳдатӣ миллӣ ва баҳои таърихӣ ба ин Рӯзи таърихӣ баён гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *